Сомонаи пешина | Шб, 08 Август 2020 / 02:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Зафар Раҳимӣ барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” гардид

16 ноябри соли 2019, ки дар сар то сари кишвар мардум Рӯзи Президентро ҷашн гирифтанд, дар шаҳри Душанбе дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ботантана ҷамъбаст гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии Раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳусни оғоз пазируфт.

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар вазъи тантанавӣ ва зери кафкӯбиҳои пурмавҷи аҳли толор ба ғолибони ҷойҳои сеюм, дуюм ва якуми озмун дар номинатсияҳои гуногун диплом ва мукофотҳои пулиро супорид.

Дар “Номинатсияи оҳангсоз” ҷои аввал ба Бахтиёр Убайдзода аз шаҳри Душанбе бо 48 хол, ҷои дуввум ба сокини пойтахт Бахтовар Давлатов ва ҷои сеюм ба Назира Ҳамдамова аз шаҳри Хуҷанд дода шуд.

Дар жанри академии «Номинатсияи навозанда» ҷои аввал насиби Ҷаннат Ҳусейнзода аз шаҳри Душанбе, ҷои дуввум насиби Дилрабо Убайдуллоева аз шаҳри Хуҷанд, ҷои сеюм насиби Улуғбек Ниёзов аз шаҳри Ҳисор гардид.

Дар жанри анъанавии «Номинатсияи навозанда» ҷои аввалро Ансамбли миллии созу навои «Дилнавоз» аз шаҳри Хуҷанд, ҷои дуввумро Ҷовидон Ҳасанов аз шаҳри Душанбе ва ҷои сеюмро ШарифљоРањимзода аз шаҳри Душанбе ба даст оварданд.

Дар жанри эстрадии «Номинатсияи навозанда» Муњаммад Ниёзов аз шаҳри Душанбе ҷои аввал, Бахтиёр Оқсақолов аз шаҳри Душанбе ҷои дуюм ва Њасан Шарифзода аз ноҳияи Шаҳринав ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Дар жанри академии “Номинатсияи сароянда” ҷои аввал ба сокини шаҳри Турсунзода Амрулло Калонов лоиқ дониста шуд. Ҷои дуввум ба гурӯҳи “Трио” аз шаҳри Хуҷанд насиб гардида, ҷои сеюм ба Ҳаётҷон Ҳамрохонов аз шаҳри Ҳисор муносиб дониста шуд.
Дар жанри анъанавии “Номинатсияи сароянда” ҷои аввал насиби сокини шаҳри Турсунзода Фархунда Ѓайбуллоева, ҷои дуввум насиби Шањло Њафизова аз ноҳияи Рашт ва ҷои сеюм насиби Айљарќї Худойбердиева аз ноҳияи Лахш гардиданд.

Дар жанри эстрадии “Номинатсияи сароянда” сокини пойтахт Хайрулло Муродзода лоиқи ҷои аввал дониста шуд. Иброњим Камолов аз ноҳияи Файзобод ҷои дуввум ва Фарангис Мирдадоева аз шаҳри Истаравшан ҷои сеюми ин бахшро ба даст оварданд.

Дар “Номинатсияи ровӣ” ҷои аввал насиби сокини шаҳри Панҷакент Муштарӣ Сафаров, ҷои дуввум насиби сокини ноҳияи Файзобод Шодмеҳр Давлатов ва ҷои сеюм насиби Динора Ҷабборова аз шаҳри Душанбе гардид.

Дар “Номинатсияи шоир” ҷои аввалро Бузургмеҳри Ҳаким аз шаҳри Ваҳдат ба даст овард. Ҷои дуввум сазовори сокини ноҳияи Тоҷикобод Сулаймони Аҳтам ва ҷои сеюм сазовори сокини ноҳияи Роштқалъа Назархудо Назархудоев дониста шуд.

Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”-ро бо мукофоти пулии 50000 сомонӣ сокини шаҳри Душанбе Зафар Раҳимӣ ба даст овард, ки дар “Номинатсияи оҳангсоз” бо дигар иштирокчиён қувваозмоӣ карда буд.

Галаконсерт бо иштироки ғолибони озмун, ки дар сатҳи баланди ҳунарӣ доир гардид, бори дигар аҳли толорро мафтуни истеъдоди иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” гардонид.

Инчунин иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳӣ бо тӯҳфа ва дипломҳо қадр гардиданд.

Боиси зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” тибқи Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор гардид.