Сомонаи пешина | Яш, 05 Апрел 2020 / 05:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тарроҳи эстонӣ: Бонувони тоҷик пӯшидани либоси миллиро дӯст медоранд

 

Дар меҳмонхонаи Авесто намоиши муди эстонӣ бо номи “Ман эстонибонуям” ҷараён дорад, ки то 30 октябри соли 2019 идома хоҳад ёфт.
Намоиш 19 октябр ифтитоҳ ёфтааст ва дар он маҳсули дастранҷи 15 нафар тарроҳи номии Эстония ба маъраз гузошта шудааст.

Дар намоиши мазкур, ки дар 30 кишварҳои ҷаҳон баргузор гардидааст, зиёда аз 20 тарҳи гуногуни либоси муосири бонувони эстонӣ, ки бо истифода аз анъана ва унсурҳои миллии либосдӯзӣ таҳия шудаанд, дар намуди аксҳо манзури мухлисони муд гардидаанд.

“Тавре мебинед, дар пасманзари ҳамаи аксҳо гилемҳои нақшу нигори миллидошта истифода шудаанд” – иброз дошт ҳамоҳангсози намоиш, тарроҳи машҳури эстонӣ Ану Хинт. “Аксари ин қолинҳо аз осорхонаҳо гирифта шуда, зиёда аз 100 сол доранд. Мо онҳоро бо мақсади нишон додани робитаи дирӯз ва имрӯз истифода бурдаем. Яъне усулҳои либосдӯзӣ, нақшу нигор ва унсурҳои он низ тӯли асрҳо инкишоф ёфтаанд ва имрӯз бо намуди нав мувофиқи диди муосир ва талабот ба либос истифода мешаванд”.

Тарроҳ Ану Хинт иброз дошт, ки либоси миллӣ барои бонувон яке аз унсурҳои асосии фарҳанги миллӣ ҳисоб мешавад. Инчунин зикр намуд, ки бори аввал меҳмони Тоҷикистон аст. “Ман дидам, ки бонувони тоҷик пӯшидани либоси миллиро дӯст медоранд. Дар кӯчаҳо чунин бонувонро хеле бисёр вохӯрдем ва ин маро ба ҳайрат гузошт. Дар бисёр кишварҳо будам, аммо дар ҳеҷ як кишвари дигар ин қадар бонувони зиёдро бо либоси миллӣ надидаам. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки бонувони тоҷик либоси миллии худро дӯст медоранд ва он зебову мувофиқ аст”,-иброз дошт тарроҳбонуи эстонӣ.