Сомонаи пешина | Чш, 11 Декабр 2019 | 11:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барандагони Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ муайян гардиданд

 

Тавре иттилоъ дода шуда буд, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар иртибот ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» моҳи июни соли ҷорӣ Озмунро барои дарёфти Ҷоизаи  ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ эълон намуд.

Тибқи хулосаи Комиссияи Озмун ва қарори Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барандагони Ҷоиза композитор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Ҷўрахон Обидпур ва мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ Фирўз Ўлмасов дониста шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ соли 2004 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» бо мақсади рушди минбаъдаи санъати мусиқӣ ва ҳавасмандгардонии композиторону мусиқишиносон дар роҳи офаридани асарҳои баландғояи муосир, инъикоси арзишҳои миллӣ таъсис ёфтааст.

Ҷоизаи мазкур ба композиторону мусиқишиносон барои беҳтарин асарҳои академӣ, симфонӣ, камеравӣ, пажӯҳиши масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии санъати касбии миллӣ, ки дар ду соли охир эҷод гардидаанд, дода мешавад.