Сомонаи пешина | Яш, 15 Декабр 2019 | 15:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфт

26 июли соли 2019 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор гардид. 

Дар нишаст роҳбарияти Вазорати фарҳанг, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои вазорат, инчунин наздики 50 нафар намояндаи ВАО иштирок намуданд.

Нахуст Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба нуктаҳои муҳимтарини фаъолияти соҳа дар давраи ҳисоботӣ ба рӯзноманигрон маълумот дод. Сипас намояндагони ВАО суолҳои худро пешниҳоди роҳбарияти вазорат намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. 

Дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, муассисаҳои театрию консертии тобеи вазорат дар доираи таҷлили 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Модарон, таҷлили Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе ва Норак, Рўзи пойтахт, Рўзи “Шашмақом”, 25-солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Машварти ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар маҷмўъ 87 чорабиниро ташкил медиҳанд, фаъолона иштирок намуданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 7317 чорабиниҳои гуногун доир гардиданд, ки ҳадафи онҳо ғанӣ гардондани фазои фарҳангии кишвар, рушди устувори деҳот ва ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмўъ театрҳои касбии кишвар 22 асари навро саҳнавӣ гардониданд. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 8 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 14 намоиш рўи саҳна омад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷашнвораҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон», Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони “Дунёи саодат”, Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат», Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» дар сатҳи баланд ба вуқӯъ пайваста, Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» дар ҷараён аст ва моҳи сентябри 2019 ҷамъбаст мегардад.

Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик таҳия гардида, дар сомонаҳои Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот ҷой дода шуда, аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Адиб» чоп гардид, ки ба он наздики 300 номгуйи намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ворид карда шудаанд. 

Соли равон бинои нави китобхонаи марказӣ, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии “Куруш” ва қасри фарҳанг бо 600 ҷои нишаст дар ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен, қасри фарҳанг дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б, Ғафуров ва бинои маркази ҷавонон ба номи Л. Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи таҷлили ҷашни Наврўз бо иштироки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда, бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Назарови ноҳияи Спитамен ба маблағи 20000 сомонӣ панҷарабандӣ гардидааст.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то моҳи сентябри соли 2019 боғҳои фарҳангӣ–фароғатии шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Бохтар, Турсунзода, Зафаробод ва Ховалинг аз нав таҷдид гардида, барқароркунии боғи фарҳангӣ–фароғатии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Норак, Темурмалик ва Файзобод давоми соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Инчунин ҷиҳати бунёди боғи фарҳангӣ–фароғатӣ дар ноҳияи Айнӣ санги асос гузошта, корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудааст.

Мувофиқи тартиби бақайдгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ то 01 июни соли 2019-ум дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 377 адад рўзнома, аз инҳо 112 адад давлатӣ ва 265 номгўй ғайридавлатӣ, 245 маҷалла аз инҳо 114 ададаш давлатӣ ва 131 номгўй ғайридавлатӣ, 319 матбаа аз инҳо 37 давлатӣ, 282 ғайридавлатӣ, 48 нуқтаи фурўши китоб аз ин 3 давлатӣ, 45 ғайридавлатӣ, 71 адад нашриёт аз ин 10 давлатӣ ва 61 ададаш ғайридавлатӣ, 10 Оҷонсии иттилоотӣ аз ин 1 адад давлатӣ ва 9 адад ғайридавлатӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Дар ин муддат муассисаҳои зерсохтори истеҳсолии вазорат дар соҳаи табъу нашр, аз ҷумла нашриёти “Адиб”, “Ирфон”, “Адабиёти бачагона”, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва ҷамъияти саҳҳомии навъи кушодаи “Матбуот” 46 номгӯй адабиёти нав бо теъдоди 206500 нусха ба табъ расонидаанд. 

Дар давраи ҳисоботӣ баргузории аввалин лотереяи бурдноки «Китоб – манбаи дониш» бо ташаббуси нашриёти «Адиб» дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ...», Ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб-2019”, рӯнамоии ҷилди 3-и «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» мавсум ба «Наврўз ва ҷашнҳои дигар», таҳия ва чопи тақвими рангаи «Ёдгориҳои Саразм ва Ҳулбук» дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012–2020», нашри «Ҳунармандии Хатлон дар замони Сомониён» рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ дар соҳаи табъу нашр буданд. 

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот тибқи супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Меҳргон”-ро муштарак бо коршиносони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми 26 саҳифа таълиф намуда, барои сабт ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод намуданд. Ҳамчунин дар ин давра ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Суманакпазӣ” ба забони тоҷикӣ омода гардида, ба Вазорати фарҳанг пешниҳод карда шуд. 

Ҳамчунин бо назардошти аҳамияти миллии масъалаи болозикр корҳои омодасозии номинатсияи «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук», ҷиҳати дар соли 2020 ба Феҳристи мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО пешниҳод намудани ин ёдгории нодири миллат идома ёфта, корҳои асоснокнамоии ёдгории болозикр ба анҷом расонида шуда, ба мақомотҳои марбута пешниҳод гардидааст. 

Қайд гардид, ки яке аз падидаҳои бузурги фарҳангӣ, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 ба вуқӯъ пайваст, ин баргузории Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки 41 нафар ҳайати расмию эҷодӣ дар шаҳрҳои Пекин ва Сиан буд. 

Барои таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ дар Фестивали 33-юми байналмилалии “Сураҷкунд мелла” (Ҷумҳурии Ҳиндустон), Иди байналмилалии Наврӯз (Ҷумҳурии Корея), Фестивали байналмилалии санъати бахшиҳо (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Карнавали тамаддунҳо (Чин) иштирок варзиданд.

Мавзӯъҳои дигаре, ки дар нишасти матбуотӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ин тарғиби китобу китобхонӣ, фурӯши китоб, истифодаи боғ-ҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, тартиби гирифтани унвонҳои давлатӣ барои ҳунарпешагони номӣ, ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳои фарҳангӣ, таъмини хонаҳои хизматӣ барои кормандони театр ва омодасозии кадрҳо буданд.