«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон
Ба Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ гурӯҳи зиёиён ва аҳли фарҳанг аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд.
Зимни боздид аз осорхона гурӯҳи меҳмонон муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро мавриди сӯҳбат қарор дода, тавсеаи инъикоси ҳаёти фарҳангӣ дар доираи муоширати шаҳрвандони ҳар ду кишвар ва тарғиби санъати мусиқии халқию касбиро муҳокима намуданд.
Боиси зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ чорабиниҳои зиёди фарҳангиро баргузор намуда, сайёҳонро аз мамлакатхои гуногуни олам қабул мекунад.