Сомонаи пешина | Пш, 12 Декабр 2019 | 23:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Осорхонаҳо барои миллати тоҷик бонги бедорию ҳушёрист

 

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар саросари кишвар осорхонаҳои зиёде бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки феълан сокинони ҷумҳурӣ аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18-уми марти соли 2006 таъкид намуданд: «Имрўз вазифаи муқаддаси мову шумо омўхтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз кардан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии мамлакатамон аст. Зиёда аз ин ободу зебо нигоҳ доштан ва бою рангорангии осорхонаҳои милливу таърихӣ қарзи муқаддаси инсонии ҳар як фарди равшанфикру бедордили миллат аст».
Ҳарчанд раванди таъсисёбии нахустин осорхонаҳои кишваршиносиву таърихӣ дар ҷумҳурии мо дар миёнаи солҳои 30 – юми асри XX, яъне дар замони истиқрори Ҳукумати Шўравӣ шурўъ шуда бошад ҳам, дар замони Истиқлолият ин ҷараён равнақи бештар гирифт. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон осорхонаҳои зиёде бунёд шуда, ба фаъолият шурўъ кардаанд, ки Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Файзобод Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Ҳисор, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Турсунзода, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Гулистон, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи таърихии вилояти Хатлон, Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғаффуров, Осорхона – мамнўъгоҳи бостоншиносии Панҷакент, Осорхона – мамнўъгоҳи таърихию кишваршиносии “Ҳулбук”, Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои таърихию кишваршиносии шаҳри Кўлоб ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Имрўз осорхонаҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаҳои маърифативу равшангароӣ дар ҳифзу нигаҳдошт, бозшиносиву муаррифии ашёи гаронбаҳои мадании халқи тоҷик саҳми босазо мегузоранд. Ҳамасола сайёҳони зиёди хориҷӣ, шаҳрвандони худогоҳи кишварамон аз осорхонаҳо боздид ба амал оварда, аз таърихи дирўзу имрўзи ин марзу бум бохабар мегарданд.
Бахшида ба санаҳои таърихӣ, иду ҷашнҳо, аз қабили Соли нав, иди Сада, Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар, Рўзи матбуоти тоҷик, Рўзи фарҳанг, Наврўзи байналмилалӣ, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028”, вобаста ба татбиқи қонунҳои соҳави силсилаи чорабиниҳо, вохўриву сўҳбатҳо, мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва асарҳои рассомон ташкилу гузаронида шуданд.
Кормандони осорхонаҳои таърихӣ – кишваршиносӣ, хона–музейҳо, осорхонаҳои шахсӣ, мактабӣ, ташкилоту муассисаҳо тибқи «Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.11.2017, №523 тасдиқ шудааст, феҳристи давлатии фонди осорхонаҳоро таҳия намуда ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар семоҳаи аввали соли равон 7654 нафар тамошобинон ба Осорхонаҳои Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб» ташриф оварданд, ки аз ин шумора 43- нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва 1253 нафар тамошобинони синни то мактабӣ буданд.
Ҳамзамон, дар фонди осорхонаҳои шомили Муҷтамаъ 11 ҳазору 1 адад экспонат маҳфуз мебошад. Дар ин муддат ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ 8 адад экспонатҳои нав харидорӣ шуда, 28 адад ба тариқи ройгон ба муассиса ворид гардид.
Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ”–и шаҳри Панҷакент дар ин муддат чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ ва илмӣ – маърифатиро доир намуд. Дар маҷмўъ ба осорхона 1341 нафар тамошобинон, аз ҷумла 106 нафар ройгон ташриф оварданд, ки аз ин шумора 45 нафар меҳмонони хориҷӣ мебошанд. Дар ин давра кормандони илмии осорхона зиёда аз 40 сайрҳои илмӣ гузарониданд. Меҳмонони хориҷӣ аз мамлакатҳои Япония, Олмон, Корея, Эрон, Англия ва ғайра пас аз боздид ҷиҳати сатҳи касбии экспозитсионӣ ва ороишӣ, дизайни толорҳо ва хизматрасонии кормандон дар китоби қайди таассуроту хотирот изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҳудуди вилояти Суғд 2 Осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 Осорхонаи таърихии вилоят, 9 осорхонаи таърихӣ–кишваршиносӣ фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, 5 осорхонаи шахсӣ дар шаҳри Исфара ва 6 Хона–осорхона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд. Дар Фонди осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 112 692 адад нигораҳо мавҷуд буда, онҳоро 23 849 нафар тамошобинон дидан намуданд. Дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 22 вохўриҳо, 3 конфронс, 11 намоиш бахшида ба санаҳои фархунда гузаронида шуд.
Дар вилояти Хатлон 20 адад осорхона бо теъдоди 30973 адад нигораҳо фаъолият доранд. Дар осорхонаҳои ҳудуди вилояти Хатлон 27 адад чорабинӣ бо иштироки 1560 нафар ба муносибати “Рӯзи Артиши миллӣ”, “Рӯзи Модар”, “Наврӯзи байналмилалӣ”, Фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесў” доир шуданд.
Осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи Мирзо Турсунзода дар маркази шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, аз 10 бахш, 18 қисмат ва 1253 нигораҳои таҷассумгари осори ниёгон иборат аст. Инчунин осорхонаи мазкур бо системаи хабардиҳӣ ва камераҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар назди осорхона маҳфилҳои «Наққошони наврас», «Ҳайкалтарошӣ», «Кулолгарӣ» ва «Кандакорӣ» фаъолият доранд, ки ба ин маҳфилҳо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ҷалб гардидаанд. То ин давра осорхонаро 950 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ дидан намуданд, ки аз онҳо 156 нафарашонро меҳмонони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Баҳри мукаммалгардонии фонди осорхона 1 адад либоси чакан туҳфа карда шуд.
Ба ҳолати 10 майи соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ 98 адад осорхона амал мекунад, ки аз ин шумора 1 адад Осорхонаи миллӣ, 3 адад Осорхонаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг, 30 адад осорхонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 20 адад дар вилояти Суғд, 21 адад дар вилояти Хатлон, 10 адад дар ВМКБ, 13 адад дар НТҶ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва умумӣ) мебошад. Фонди умумии осорхонаҳо 337436 нусха мебошад.
Дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо назардошти Осорхонаи миллӣ 859 нафар (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва умумӣ) фаъолият доранд. Бо маълумоти олии умумӣ 723 нафар, миёнаи махсус 174 нафар, 262 нафар миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Аз шумораи умумии кормандон 352 нафар мардон ва 507 нафар занон мебошанд.
Ҳамасола 18 май дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон Рўзи умумиҷумҳуриявии тамошои осорхонаҳо бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил мегарданд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рўзи байналмилалии осорхонаҳо, ки дар ҷумҳурӣ Рўзи умумиҷумҳуриявии тамошои осорхонаҳо 18 майи соли равон дар назар аст ба сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин ба директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаҳои зерсохтори вазорат қарор дошта барои дар сатҳи зарурӣ қабул намудани тамошобинон дар осорхонаҳо мактуб ирсол намудааст.
Аз таърихи мухтассари баргузории таҷлили Рўзи байналмилалии осорхонаҳо: 18 - уми майи соли 1977 дар 11-ум конфренсияи генералии Шўрои байналмилалии осорхонаҳо дар шаҳрҳои Москва ва Ленингради Федератсияи Россия ин чорабинии муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд. Аллакай соли 1978 "Рўзи байналмилалии осорхонаҳо" - ро беш аз 150 кишвари ҷаҳон, хусусан дар Тоҷикистон таҷлил намудаанд.
Чорабинии Рӯзи байналмиллаии осорхонаҳо ду ҷанбаи ба худ хос дорад:
1. Таҷлили Рӯзи байналмиллии осорхонаҳо;
2. Иқдомоти «Шабе дар осорхона».
Баргузор намудани иқдомоти «Шабе дар осорхонаҳо» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Олмон оғоз шуда, баъдан соли 1998 дар Фаронса, Англия, Россия баргузор гардид.
Иқдомоти “Шабе дар осорхона” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст баъд аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2013 тибқи анъанаи касбӣ баргузор гардид.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ба вуҷуд омадани шароиту имконият Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2013 то ин ҷониб бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, икдомоти байналмилалии «Шабе дар Осорхона»-ро санаи 18-май баргузор менамояд.
Мақсад аз ташкили чунин иқдомот ин пеш аз ҳама пешбурди сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеъа ба осорхона, муаррифии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ - маърифатӣ вобаста ба соҳаҳои мухталифи фарҳанг, муаррифӣ намудани осорхона ҳамчун макони таълимӣ - маърифатии муосир ба шумор меравад.
Чорабинии мазкур имкон фароҳам меорад, ки осорхона барои қишрҳои гуногуни ҷомеъа дастрас ва ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ муаррифӣ шавад.
«Шабе дар осорхона» чорабинии хос ва касбии осорхонавист ва он танҳо тамошои муқаррарии толорҳои намоишӣ нест. Дар доираи чунин иқдомот тибқи рисолати осорхонавӣ бояд дигар маҳфилҳо аз қабили баргузории маҳфили «устод - шогирд», саҳнаҳои театрикунонидашуда, намоиш додани филмҳои хуҷҷатии таърихӣ, бозиҳои зеҳнии гуногун ташкил карда мешаванд.
Яке аз чорабиниҳои муҳиме, ки дар байни дигар чорабиниҳои оммавӣ - маърифатии осорхона мавқеи хоса дорад, ин баргузории Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо мебошад. Бояд зикр намуд, ки Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ин ҷашни касбии тамоми кормандони осорхонаҳо маҳсуб меёбад.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми Шабе дар Осорхона тибқи банди 205-и Нақшаи солонаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои соли 2019 ҷашн гирифта мешавад.
Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб» шурўъ аз 10-уми майи соли равон баргузории силсила чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки баракси солҳои пешин, ба нақша чорабиниҳои муассиса доир намудани намоишҳои сайёр дар ноҳияҳои кўҳии Шамсиддин Шоҳин ва Муъминобод, ки сокинонаш аз дастрасӣ ба осорхонаҳо маҳруманд ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла:
1. Ирсоли мактуб ба мақомотҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳои Кўлоб бо мақсади мувофиқа намудани рўзу замони баргузории намоишҳои сайёр.
2. Аз 10 то 17 майи соли равон баргузор намудани намоиши нигораҳои нодири осорхонаҳои шомили Муассиса дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии шаҳри Кўлоб.
3. «Нақши осорхонаҳо дар тарбияи маънавии шаҳрвандон» - силсила сўҳбатҳо дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олӣ ва коллеҷҳо.
4. Намоиши асарҳои рассом Шоҳрух Асоев дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 - солагии Кўлоб.
5. Тарғиби фаъолияти осорхонаҳо тавассути ВАО.
6. Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рўзи байналмилалии осорхонаҳо таҳти унвони «Кўлоб осорхонаи таърих аст»
7. 18- уми майи соли 2019 эълон намудани Рўзи дарҳои кушод.
Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А. Рўдакӣ”-и шаҳри Панҷакент бахшида ба 18 – уми май “Рўзи байналмилалии осорхонаҳо” якчанд чорабиниҳо, аз қабили мизи мудаввар, конфронс, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, сайри илмӣ ва рўзҳои дарҳои кушод барои ҷавонону наврасон баргузор мегардад.
Санаи 16.05.2019 дар толори пазироии осорхона мизи мудаввар таҳти унвони “Таърих гувоҳ аст” бо иштироки хонандагони МТМУ №47 ва МТМУ №71 ташкил карда мешавад, ки дар он мудири шуъбаи таърих Ғаниева Мижгона дар мавзўи “Осорхона – оинаи таърих” маърўза намуда, оид ба давлатдории замони Сомониён, сохтори давлати Сомониён дар асри IX-X маълумот медиҳад. Пас ба хонандагон викторина – саволу ҷавоб пешниҳод карда мешавад. Хонандагони фаъол аз ҷониби маъмурияти осорхона бо сипоснома қадрдонӣ карда мешавад. Санаи 17.05.2019 дар толори пазироии осорхона конфронси илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Рушди осорхонаи ба номи А. Рўдаки дар даврони истиқлолият” бо иштироки бостоншиносони “Пойгоҳи бостоншиносии Саразм - Панҷакент”, ширкатҳои сайёҳӣ, сарварони осорхонаҳои мактабии шаҳр, устодону донишҷўёни Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва кормандони осорхона баргузор мегардад. Дар ин конфронс корманди илмии шўъбаи бостоншиносӣ Юнусов Саидмурод дар мавзуи “Мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа” маърўза намуда ба иштирокдорон оид ба фаъолияти Осорхонаи ба номи А. Рўдакӣ дар замони истиқлол маълумот медиҳад. Инчунин, Юнусов С. дар маърўзаи худ оид ба фаъолияти муосири осорхонаҳои ҷаҳон андешаҳояшро баён менамояд.
Раззоқов Абдурауф – номзади илмҳои таърих ва бостоншинос дар мавзўи “Лувр – осорхонаи ҷаҳонӣ” суханронӣ мекунад ва оид ба истифодабарии технологияи муосир дар осорхонаи мазкур маълумот медиҳад.
Рўзи ҷдар толори пазироии осорхона ҷамъомади ҷашнӣ бахшида 18 – уми май “Рўзи байналмилалии осорхонаҳо” бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, маъмурият ва кормандони осорхона баргузор мегардад. Дар ин ҷамъомад намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва маъмурияти осорхона барқияи табрикотии Вазири фарҳанг, мақомот ва кормандони фаъолро бо Ифтихорномаҳо сарфароз мегардонанд.
Санаи 18.05.2019 пас аз ҷамъомади ҷашнӣ бахшида ба “Рўзи байналмилалии осорхонаҳо” рўзи дарҳои кушод оғоз мегардад ва бахшида ба “Солҳои 2019 – 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар саҳни осорхона намоиши маснуоти ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки маҳфили “Сўзанидўзӣ”-и Кохи фарҳанги шаҳр, маҳфилҳои мактаби санъати шаҳр ва маҳфили Муассисаи таҳсилоти иловагии №1-и шаҳр баргузор мегардад.
Кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида ба тачлили ин чашн 18 майи соли равон ҷиҳати иштирок дар маҳфили фарҳангӣ - фароғатӣ донишҷӯёни Донишкадаи забонҳо ба номи С.Улуғзода, аъзоёни дастаи ҳаваскорон бо роҳбарии омўзгори соҳаи мусиқӣ Шуҳратҷон Ёров даъват шудааст.
Дар маҳфил сурудхонии донишҷӯён аз эҷодиёти композиторони тоҷик дар иҷрои дастаи ҳаваскорони донишкада дар назар аст.
Ҳадафи асосии ин чорабини дар замири насли ҷавон парвариш намудани эҳсоси эҳтирому арҷгузорӣ ба хотираҳо ва арзишҳои фарҳангӣ аст.
Ба кормандони осорхонаҳо дар ҳифозату нигаҳдорӣ, ироаву намоиш, пажўҳишу бозшиносӣ ва тарғибу ташвиқи осори мадании миллати тоҷик иродату тавонмандии зиёд таманно дорам.

Қурбон Ғуломзода,
Сардори раёсати рушди муассисаҳои
фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент