Сомонаи пешина | Ҷм, 06 Август 2021 / 02:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Сафири Қирғизистон

30 январи соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири навтаъини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳуриии Қирғизистон Ҷаниш Рустенбековро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар, васеъ кардани доираи ҳамкориҳо дар соҳаи санъати театрӣ ва мусиқию рақс, ташкили чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ изҳори андеша намуданд. 
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари ҳамсарҳад ва дӯст буда, барои рушди ҳамкориҳо ҳамаи имкониятҳо вуҷуд доранд.

Ҷаноби Ҷаниш Рустенбеков пешниҳод намуд, ки баргузории чорабинии муштараки фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва санъати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон дар давоми сол баррасӣ гардад. 
Вохӯрӣ дар фазои хушу хотирмон сурат гирифт.