Дараи Мухтор –зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ
Мавзеи таърихӣ-табии Дараи Мухтор таърихи зиёда аз 400–сола дошта, аз маркази маъмурии ноҳияи Ховалинг дар масофаи 6 км дар қисмати шимолу ғарбӣ ҷойгир шудааст. Мавзеи мазкур чун дар гузашта ва имрўз низ зодгоҳи шахсони фозил, паҳлавонон ва далерону ҳунармандон мебошад. Восеии қаҳрамон дар ҳамин деҳа ба дунё омада дар ҳамин муҳити хеле солими фарҳангӣ ба камол расидааст. Соли 1988 ба муносибати ҷашни 100-солагии шӯриши Восеъ дар ин мавзеъ “Боғ-осорхонаи таърихи шӯриши Восеъ” таъсис дода шуд.
Бо назардошти арҷгузорӣ ба хизматҳои арзанда дар роҳи меҳанпарастӣ, озодихоҳии фарзандони фарзонаи халқи тоҷик бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, №571 дар пойгоҳи мавзеи таърихӣ-табии Дараи Мухтор “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ” таъсис дода шуд.
Муассисаи мазкур аз осорхонаи таърихӣ-фарҳангӣ, ҷувозхона, боқимондаҳои хонаи Восеъ, чинорҳои чандинасра, дастниҳоли Восеи қаҳрамон-дарахти садда, чашмаи мусаффои Чирак ва мавзеи нотакрори табиӣ иборат мебошад.
Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ дар масофаи 18км дар қисмати шимолии ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Мазори Ҳазрати Султон воқеъ гардидааст.
Ин мавзеи таърихӣ бо табиати зебо, чашмаҳои зулол,гулу гиёҳҳои шифобахш ва парандагони нодир машҳур мебошад. Мақбари Султон Увайси Қаранӣ бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 пурра азнавсозӣ карда шуд.
Деҳшаҳри Сари Ҷар яке аз мавзеъҳои бостонии ноҳияи Ховалинг буда, ба давраҳои охири асри биринҷ ва аввалҳои асри оҳан (солҳои 1600-1700 пеш аз мелод) тааллуқ дорад.Ёдгории мазкур соли 2012 аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ кашф гардида, аз шаҳрак, деворҳои мудофиавӣ, қисмати хоҷагидорӣ ва қабристони шаҳрӣ иборат мебошад. Деҳшаҳри Сари Ҷар аз маркази ноҳияи Ховалинг дар масофаи 40 км дар қисмати ҷанубии ноҳия ҷойгир мебошад. Айни ҳол дар ин мавзеъ ковишҳои археологӣ ва тадқиқотҳои илмӣ идома доранд.