Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои кишвар таҳия ва тасдиқ мегардад.
Қарори мазкур мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо» қабул гардидааст.
Феҳрист бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти осорхонаҳои дар қаламрави кишвар фаъолияткунанда ҷорӣ карда шуда, дар он маълумоти асосӣ дар бораи ашё ва коллексияҳои осорхонавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ҷой дода мешавад.
Феҳрист ба ташкил ва истифодаи маълумоти электронӣ дар бораи ашё ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Пешбурди Феҳрист аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми ваколатдор аст, назорат карда шуда, дигар вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо уҳдадор карда шудаанд, ки барои амалисозии Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.