Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таърихи 29 сентябри соли 2017 таҳти №455 қабул карда шуд.
Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи «Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва дар мувофиқа бо дигар вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои дахлдор таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардида буд.
Лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади такмили минбаъдаи фаъолияти осорхонаҳо, таъмини ҳифз ва истифодаи муносиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, интиқоли бегазанди сарватҳои арзишманди халқи тоҷик ба наслҳои оянда ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи қонунҳои нави соҳавӣ таҳия гардидааст.