Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 15:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазъи ҳунари оҳангарӣ дар кишвар

10.12.21.2Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон мебошад ва аз қадимулайём халқи тоҷик ба маҳсулоти ин навъи ҳунармандӣ ниёз доранд. Зеро ҳаёти мардуми деҳотро бе асбобҳои бел, каланд, табар, теша, дос, болға, корд, гулмех, наъл ва ба ин монандро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Метавон гуфт ки зиёда аз 100 номгӯи ашёҳо ва асбобҳо аз ҷониби оҳангарон омода карда мешавад.Шахсе, ки ин навъи ҳунарро ба худ касб намудааст, оҳангар мегӯянд. Ҳунари оҳангариро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мушоҳида кардан мумкин аст, зеро ҳамаи асбобу олоти оҳании кишоварзӣ ва рӯзгор дар дукони оҳангарӣ тайёр мешаванд.

Оҳангар бештар аз оҳанҳои вазнину боқувват маҳсулоти зарурии худро омода мекунад. Ҷараёни омода намудани маҳсулоти оҳангарӣ чунин аст: оҳанро аввал дар оташ сурх (мулоим) карда, сипас ба рӯи сангдон гузошта бо болғаи калон онро мекӯбад, то ба шакли даркорӣ қолаб гирад. Боз гашта ба оби хунук мегузорад. Ин амалро чандин маротиба такрор мекунад. Ҳамин тариқ, маҳсулот тайёр мешавад. Ҳангоми кор кардан оҳангар болға, амбур, сангдон, оташковак, босқан, ақлак ва ғайраро истифода мебарад.

Дар мавриди пешаи оҳангарӣ дар илми мардумшиносӣ аз тарафи Ершов Н.Н., Сухарева О.А., Раҳимов Д.К. ва дигар олимони мардумшинос бисёр мақолаҳо таълиф шудаанд. Бо такя бар гуфтаҳои пажӯҳишгарони мазкур мо низ дар ин маврид чанд сухан хоҳем гуфт.

Дар гузашта дуконҳои оҳангарӣ қариб дар ҳамаишаҳру деҳаҳо мавҷуд буданд ва оҳангарон аз рӯи рисолаҳои касбии худ амал мекардаанд. Тавре кимардумшинос Раҳимов Д. қайд кардааст, оҳангарӣ боз ба навъҳои мушаххаси ҳунармандӣ, ки ба оҳан марбут аст, тақсим мешудааст: “Оҳангарӣ аз чиҳилу як ҳунар иборат буда, ҳар яке аз дигаре фарқ дорад, масалан, каландгар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкӯб, кордсоз, қуфлсоз ва амсоли инҳо”

Тибқи бовару эътиқодот оҳангарон пеш аз шурӯи кор ба дӯкон даромада, онро рӯбучин намуда, чор тарафи ро бӯсида дуо мехонанд: «Пири оҳангарон – ҳазрати Довуд мадад кунад». Баъди зери лаб хондани ин дуо корашонро оғоз мекардаанд. Ба ақидаи баъзе оҳангарон дар чор кунҷи сандон фаришта нишастааст. Ва иҷрои ин амал барои мадад кардани онҳо мебошад. Инчунин ба оҳангархона даромадани одами маст ва нопок мумкин нест.

Дар қиссаву ривоятҳо Довуди пайғамбарро пири оҳангарон шумурдаанд, ки гӯё дар вақташ ҳазрати Довуд оҳангар будааст ва ҳангоми задани оҳан оҳангарон «дасти ман не, дасти пири оҳан» гӯён, корашонро шурӯъ мекунанд. Яъне Довуд пайғамбарро устоди аввалини хеш медонанд. Инчунин, барои гиромидошти рӯҳи пири оҳан баъзан назру садақаҳо низ мекунанд, масалан, гӯсфанд кушта ба ҳоҷатмандон тақсим менамуданд.

Дар деҳаи Бодгаҳи ҷамоати деҳоти Шинг бо оҳангар Нуралиев Абдураҳим (соли тав. 1955) суҳбате доштем, ки номбурда бо ду фарзандаш бо касби оҳангарӣ машғул будааст. Ин оилаи ҳунармандон дар ҳавлиашон як дукони оҳангарӣ доранд, ки таърихи онро 800 сола мегӯянд. Ин касбро аз бобову бобокалонашон ба мерос гирифтаанд, худашонро даҳум пушти оҳангарон медонанд.

Нуралиев Кӯҳзод (соли тав. 1982) писари оҳангари мавсуф ба мо нақл намуд, ки ҳазрати Довуд оҳангар будааст ва ӯ оҳанро бо дасташ тобида, маснуот месохтааст ва байти зеринро мисол овард:

Чун иноят Қодири Қайюм кард,
Бар кафи Довуд оҳан мум кард.

Нуралиев Кӯҳзод байти мазкурро шарҳ дода гуфт, ки гӯё, ҳазрати Довуд бо ин кораш мағрур шудаасту ин амал ба Худованд хуш наомада бошад ва оҳан сурх шуда, дасти ҳазрати Довудро сӯзонидааст. Баъди ин ҳодиса ӯ аз рӯи шакли дастони саг (вақте ки саг дастонашро болои ҳам гузошта, салиб кунад, мисли анбур мешавад) анбур сохтаасту оҳани тафсонро бо он доштааст. Ҳоло ҳам анбури оҳангарон шакли дасти сагро дорад.

Варианти дигари ривоятро оҳангар аз деҳаи Нушори болои н. Тоҷикобод Шарипов Аёмиддин (соли тав. 1951) чунин нақл кард: “Ҳазрати Довуд дар замони худаш оҳангарӣ мекард. Оҳанро дар оташ дошта, бо дасташ тоб медод ва бо ангушташ сӯрох мекард ва умуман анбӯрро истифода намебурд. Ҳазрати Довуд дар ин вақт шогирде дошт бо номи Усто Хурдак вазифаи вай шамол додани оташ буд. Аммо, дар байнашон деворе буд, ки якдигарро намедиданд. Усто Хурдакро васваса фаро мегирад, ки кори устодашро назорат кунад, ӯ деворро сӯрох карда мебинад, ин замон дасти ҳазрати Довуд месӯзад. Ҳазрати Довуд ин касбро тарк намуда, ба мақомаш ба осмон меравад. Мардум ба маҳсулоти вай эҳтиёҷ пайдо мекунанд, дар фикр мезананд, чӣ бояд кард, ки вай дубора баргардад. Барои тадбири ин донишмандон маслиҳат медиҳанд, ки дар як чорраҳа аз чор тараф лахчаро (оташ) гузоранд, ба хотири он, ки касе оташро зер накунанд, зеро агар инсон лахчаро зер кунад, гуноҳкор мешавад. Сипас ҳазрати Довуд бо як аспи сафед (буроқ) фаромада “бисмиллоҳ” гӯён оташро аз замин мегирад. Дар ин вақт одамони дар каминбуда, ҳазратро медоранд. Ҳазарати Довуд дар ҷавоб мегӯяд, ки ман дигар кор карда наметавонам дастони ман дар оташ месӯзанд, ба шогирдам Усто Хурдак дуо додаам. Вай метавонад кори маро давом диҳад. Сипас ҳазрати Довудро ба оҳангархона мебаранд ва ӯ корро шурӯъ мекунад. Як сагро оварда, дар пешаш нон мепартоянд. Саг бо дастонаш нонро гирифта мехӯрад, ин ҳолати дастони вайро дида, анбӯр месозанд. Яъне аз ҳамон вақт то ин ҷониб оҳангарон бо амбӯр кор мекунанд”.

Як оҳангар аз деҳаи Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод Тӯйчиев Аҳмадҷон (соли тав.1973) аввалин, пири оҳангаронро ба ҳазрати Одам нисбат дод. Бино ба ақидаи ӯ, вақте ки Худованд ҳазрати Одамро аз биҳишт ронда буд, ба вай амр кард, ки кишту кор карда зиндагӣ кунад. Барои кишт намудан оҳани ҷуфт, яъне сипор лозим шуд. Мувофиқи дархосташ аз биҳишт сандон оварданд. Оташдонашро [фариштаҳо] сохтаанд ва аз чӯби «тубӣ» (дарахте, ки дар биҳишт мерӯяд) асбоби дамро омода карданд, барои шамол додани оташ. Сипас ҳазрати Ҷабраил фаромада, ба ҳазрати Одам чӣ тавр сохтани асбоби ҷуфткуниро таълим дод. Тибқи нақли мавсуф то замони ҳазрати Довуд оҳангарӣ на он қадар фаъолияти васеъ дошт.

Тӯйчиев Аҳмадҷон ҳангоми корро шурӯъ намудан, «дасти ман не, дасти пири оҳан» гӯён, такя ба ҳазрати Довуд мекунанд. Чи тавре қайд намудем, ҳар як ҳунарманд ба худ як идеал дорад, ки мехоҳад ба ҳамон пайравӣ кунад. Номбурда ҳунари оҳангариро аз падараш Тӯйчиев Маҳмадсулаймон (соли тав. 1943) омӯхта, ҳатто рисолаи оҳангариро бо худ нигоҳ медорад ва онро сармашқи кори худ медонаду бо он амал мекунад. Ҳангоми корро оғоз намудан, такбири ташриқро замзама мекунад, ки матнаш арабӣ мебошад: «Аллоҳу акбар, аллоҳу акабар, ло илоҳа иллолҳу валлоҳу акбар, ва лиллоҳилҳамд».

Дар иртибот бо ин ҳамроҳи гурӯҳи экспедитсионии мо ронандае буд, ки аз падараш дар бораи пири ронандагон будани ҳазрати Довудро чунин шарҳ дод, ки дар гузашта ҳазрати Довуд аввалин шуда аз оҳан чархи аробаеро сохтааст. Яъне дар аввал чархи ароба оҳанин будааст ва барои роҳ рафтан мушкилиҳои зиёдеро эҷод мекардааст. Баъд оҳиста-оҳиста бо мурури замон чархро аз чӯб сохтаанд. Ҳамин тариқ ҳар як косиб дар пешаи интихобнамудаи худ як пире дорад, ва рисолати хешро бо ихлос ва самимият идома медиҳад.

Дар муқоиса бо дигар оҳангарон Аҳмадов Бахтиёр (соли тав. 1972) оҳангар аз ноҳияи Шаҳристон дар дӯкони кориаш акси пирамардеро овезон кардааст ва мегӯяд ҳазарати Довуд аст, ки гӯё мадад мерасонида бошад. Яъне ҳазарати Довудро идеали худ дониста, ҳунари хешро бо як дилгармӣ сайқал медиҳад. Аҳмадов Бахтиёр бо ҳамроҳии зан ва фарзандонаш ин пешаи аҷдодиашро идома медиҳад. Ин оҳангар дар хонааш дӯкони оҳангарӣ кушода, фармоишҳои мардуми гирду атрофро тайёр карда медиҳад. Бештар ба сохтани каланд, ҷоду (асбоби алафрезакунак), зоғнул, табар, наъл ва ғайраҳо машғул ҳастанд. Номбурда мегӯяд баъзан вақт ба корҳои ӯ ҳамсараш Саидмуродова Сабоҳат (соли тав.1973) ёрӣ мерасонад.

Оҳангарӣ дар шаҳри Исфара яке аз ҳунарҳои мавриди ниёзи мардум ба ҳисоб меравад. Ба қавли оҳангари бозори шаҳри Исфара Бобоназаров Умедҷон (соли тав. 1970) дар ҷамоати шаҳрак 3 хонавода ва дар ҷамоати деҳоти Ворух зиёда аз 5 оила ба ин касб шуғл меварзанд ва даромади зиндагии онҳо аз рӯи ҳамин касбашон мебошад. Қобили зикр аст, ки соли 2015 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҳангоми экспедитсия ба мо маълум гардид, ки дар байни ноҳияҳои ҷумҳурӣ оҳангарӣ дар ноҳияи Ашт маъмултар аст. Ба ақидаи оҳангар Сабуров Абдуҷалил (соли тав. 1962, зодаи н. Ашт) мардуми ноҳияи Аштро дар минтақа бо касби оҳангарӣ мешиносанд. Ҳатто дар бораи таърих ва фаъолияти оҳангарони ноҳияи Ашт китобе бо номи “Ворисони Коваи оҳангар” аз тарафи Азимов Сулаймонқул ба табъ расидааст. Сабаби як андоза бардавом будани ин пеша ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ аст. Ҳунари оҳангарӣ дар Истаравшан, Ашт ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд фаъол аст. Дар вилояти Суғд ин навъи ҳунар нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар фаъолтар буда, талабот ва ниёзи мардум ба маҳсулоти оҳангарони ин минтақа бо сабаби хушсохт ва босифат буданаш, бештар аст. Масалан, кордҳое, ки дар шаҳри Истаравшан сохта мешаванд, дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он харидорони зиёде доранд.

Дар рафти мусоҳиба бо Бобоназаров Умедҷон (оҳангар) маълум гардид, ки худи ӯ ва аксари оҳангарони Исфара аз ноҳияи Ашт омада, дар ҳамин шаҳр муқимӣ шуда, пешаашонро давом додаанд. Акнун нозукиҳои касбашонро ба шогирдони маҳаллӣ омӯзонида, ҳунарашонро аз насл ба насл интиқол дода истодаанд. Мушкилоте, ки оҳангарон доранд, ин камёфт будани ашёи хом аст, чунки маҳсулоте, ки онҳо месозанд, бояд пурқувват ва босифат бошад. Аз ин сабаб ҳунармандон кӯшиш мекунанд, ки оҳанҳои вазнину боқувватро дастрас намоянд.

Инчунин, дар сӯҳбат бо оҳангарони ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон як далели наверо ба даст овардем, ки гузаштагони оҳангарони ноҳияи номбурда аксарияташон аз ноҳияи Ашт будаанд. Тибқи нақли онҳо, падару бобоҳояшон аз ноҳияи Ашт омада, муқимӣ шуда, фаъолияти хешро давом додаанд. Ва дар ин ҷо онҳо ба фарзандон ва мардуми маҳаллии ин ноҳия нозукиҳои касбашонро омӯзонида, ҳунарашонро аз насл ба насл интиқол дода истодаанд.

Дар ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ растаи оҳангарон мавҷуд мебошад, ки оҳангарон барои қонеъ гардонидани талаботи мардум ҳамарӯза фаъолият менамоянд. Дар раванди мусоҳиба бо оҳангар Ҷӯраев Сӯҳроб (соли тав. 1988) маълум гардид, ки онҳо баъд аз адои намози бомдод ба кор шурӯъ менамоянд, тибқи ақида мардум “кори саҳар бобаракат аст”. Оҳангарони ноҳияи мазкур бештар бо сохтани олотҳои меҳнат; бел, каланд, дос, табар машғуланд. Аммо дар фасли зимистон ин навъи маҳсулот бозоргузар намешаванд вааз ин сабаб онҳо сохтани бухориро муфид медонанд.

Дар муқоиса бо ноҳияҳоидигари вилояти Хатлон дар ин ҷо дуконҳои оҳангарӣ зиёдтар мебошад. Масалан, дар ноҳияи Ҷайҳун танҳо як дукони оҳангарӣ амал мекунад. Сокинони ноҳияи Ҷайҳунбештаримаҳсулоти оҳангариро аз ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва ё аз шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ)харидорӣ мекунанд.

Тибқи мушоҳидаҳо дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ин навъи ҳунарро низ фаъол гуфтан мумкин аст.Зеро талабот ба маҳсулоти оҳангарӣ дар ин ноҳияи дурдаст ба маротиб зиёд аст.Оҳангари пуртаҷрибаи ноҳияи мазкур Латифов Садир (соли тав. 1932) мегӯяд: “Мо се бародар ҳастем, пешаи ҳамаамон оҳангарӣ аст. Фарзандам Латифов Назар ҳам касби оҳангариро интихоб кардааст”.

Дар ҷараёни экспедитсияе, ки дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод анҷом дода шуд, шоҳиди он гардидем, ки дар ноҳияҳои номбурда ин навъи ҳунар хеле равнақу ривоҷ ёфтааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки мардуми кӯҳистон бештар ба чорводорӣ, зироаткорӣ, боғу боғдорӣ машғул мебошанд. Аз ин рӯ, инҳо метавонанд, яке аз омилҳои рушди ҳунари оҳангарӣ бошанд. Чунончи, барои дарав кардани ғалла дос, барои шудгор намудани замин юғу испор ва барои нарм кардани он белу каланд ва ҳамин тариқ барои иҷрои корҳои дигар маҳсулоти оҳангарӣ лозим мебошад.

Қариб дар ҳамаи ҷамоати деҳоти Рашту Тоҷикобод дуконҳои оҳангариро мушоҳида кардем. Ҳангоми мусоҳиба бо онҳо маълум гардид, ки мизоҷон вобаста ба мавсими сол барои зарурат назди оҳангарон мераванд. Масалан, дар фасли баҳор пеш аз ҳама табарча барои тоза кардани дарахтон, каланд ва испор, дар тобистон дос барои ғалла даравидан, дар тирамоҳ табару теша барои ҳезумғундорӣ, дар фасли зимистон печ ва дудбароякҳо аз тарафи мизоҷон фармоиш дода мешавад. Баъзан, кордҳои қассобӣ низ месозанд. Бо сокини деҳаи Навдии ҷамоати деҳоти Навдӣ оҳангар – Давлатов Мирҷумъа (соли тав.1985) вохӯрдем, ки дар як рӯз то 10 адад дос ба мизоҷон омода мекард. Мавсуф дар бораи фарқияти каланд ва кетман шарҳ дод, ки то ҳол дар дигар ноҳияҳо ба назар нарасида буд. Ба ақидаи мардуми ин водӣ каланд аз кетман шаклан фарқ дорад. Ва каландро аз оҳани сахти боқувват омода мекунанд. Каландро барои замини сахте, ки ҳанӯз шудгор накарда бошад, истифода мебаранд. Ҳангоми ба замин задани каланд, агар ба санг ё решаи дарахт бархӯрад, онро бурида мегузараду ба худи каланд осеб намерасад. Хулоса, каландро барои корҳои вазнин истифода мекунанду кетманро барои корҳои маъмулӣ, яъне нарм ва чобуқ кардани замин истифода мебаранд. Албатта ин як шарҳи омиёна аст ва муҳаққиқон собит кардаанд, калимаи “кетман” шакли таҳрифшудаи каланд мебошад.

Дар мавриди ашёи хом қариб тамоми оҳангарон як ҷавоби умумӣ доранд. Аз маҳсулоти оҳанине, ки аз замони Ҳукумати Шӯравӣ боқӣ мондааст, истифода мебаранд ва имрӯзҳо низ дар мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ашёи хом пурра дастрас аст. Аммо оҳанҳои ҳозираи воридотӣ сифати паст дошта, аз он маҳсулоти боқувват сохта намешавад.

Мардуми кӯҳистон дар фасли зимистон баъди аз ҳамаи корҳо фориғ гардидан, бозии савории бузкашӣ ташкил мекунанд. Ва аз деҳаҳои гирду атроф човандозонро даъват мекунанд. Мусаллам аст, ки човандозон ҳамроҳи аспҳояшон меоянд, дар ин ҳангом кори оҳангарон дучанд мешавад. Худи оҳангарон наъл сохта, ба пои асп низ наъл мекӯбанд. Асбоби дигаре, ки дар ин минтақа мушоҳида кардем, сумтарош ном дорад, ки шаклан ба теша монанд аст. Ва худи инро низ оҳангарон месозанд. Ин асбоб барои таги пои асп ва ё харро (пеш аз наълкӯбӣ) тоза кардан, истифода карда мешавад.

Оҳангари ботаҷриба Давлатов Муҳаммадилёс (соли тав. 1962) дар бораи касби худ шеъреро ба мо хонд, ки дар он таъйиноти асбобҳои корӣ мушаххас гуфта шудааст:

Номам оҳангару бисёр, валекин ҳунарам,
Заргару мисгараму наълзану наългарам.
Ин ҳама мардуми қишлоқ талабгори мананд,
Ҳамчу бозори пуродам ҳама дар пеши дарам.
Кӣ тавонад ҷаву гандум даравад бе достам,
Кундае чун бикафонад, набошад табарам.
Арраву теша агар нест, куҷо хонаву ҷой,
Наъл агар нест куҷо бор барад, аспу харам.

Оташдони оҳангарони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Нуробод аз курраи оташдонҳои дигар манотиқи ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Оташдонҳои дигар оҳангарон монанди танӯр каме баланд буда, се тарафи он маҳкам мебошад. Аммо оташдонҳои ҳунармандони ин водӣ монанди миз аз оҳантахтаи бараш 0,5 см сохта шуда, аз таги он шамолдиҳаки сунъии электрикӣ насб карда шудааст, ки кори устоҳоро дучанд осон мекунад. Масалан, агар оҳангар барои сохтани ягон маҳсулоти ғафсу вазнин омодагӣ гирад, шамоли онро баланд мекунад, ки оҳан ҳарчи тезтар мулоим мешавад ва ё баръакс. Дар натиҷаи шамоли сахт, оташи оташдон низ шиддатнок мешавад.

Ногуфта намонад, ки ҳангоми оташ афрӯхтан оҳангарон ангишти коксро истифода мебаранд, оҳангарони водии Рашт ангишти кони Назар-айлоқро истифода мекунанд, ки ин кони ангишт ба онҳо хеле наздик аст ва ҳам қувватнокию шиддатнокиаш аз кокс камтар нест.

Аз сабабе ки дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ дастрасӣ ба ангишт бениҳоят мушкил аст, оҳангарон ба ҷои ангишт дар оташдонҳояшон дарахти ангатро (облепиха), ки бо лаҳҷаи бартангӣ галагат мегӯянд, истифода мебаранд. Хотиррасон бояд намуд, ки ин навъи дарахт дар ин манотиқ хеле фаровон буда, меваи он низ барои саломатии инсон хеле муфид аст. Барои дарахти ангатро овардан ба ҷангалзорҳои наздик рафта, онро ба андозаи 60-80 см бурида, оташ мезананду баъди каме сӯхта шуданаш об мепошанд, ки бо шеваи бартангӣ онро “лажор” меноманд. Сипас лахчаи нимсӯхтро гирифта барои истифода меоранд. Лахчаҳои нимсӯхти ангатро барои оҳанҳои ғафс 1-2 маротиба ва барои оҳанҳои мулоим бештар аз ин истифода кардан мумкин аст. Дар маҷмӯъ, ҳарорати дарахти ангат на камтар аз ангишт мебошад ва барои нарму мулоим кардани пулод хеле бомаврид аст. Дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳунари оҳангарӣ низ яке аз ҳунарҳои рушдёфта ба шумор меравад, зеро мардумонаш ба асбобҳое, ки аз тарафи оҳангарон сохта мешаванд, эҳтиёҷ доранд. Ҳангоми экспедитсия ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшон дар деҳаи Рошорв бо оҳангар Сабзиков Сабзик (соли тав.1960) ҳамсуҳбат гардидем, ки мавсуф оҳангариро аз падару бобояш омӯхта, то имрӯз ба мардуми гирду атрофи ҷамоати деҳоти Савноб хидмат карда истодааст.

Дӯкони оҳангарияш дар байни деҳаи Рошорв воқеъ аст. Деҳаи Рошорв дар водии Бартанг дар баландии 3100 метр аз сатҳи баҳр баланд буда, аз маркази нохия 160 км дур аст. Дар ин деҳаи дурдаст дар дӯкони оҳангарӣ бештар асбобҳои зарурӣ ба монанди супун (испор), хадарсипин (оҳани осиёб), каланд, зоц (дос, thоц), чақав (зоғнул) ва ғайраҳо сохта мешавад. Бояд ёдовар шавем, ки зоғнулро бештар барои аз замин кандани картошка истифода мебаранд. Заминҳои ин минтақа бештар сангзор буда, чандон бо каланд мувофиқ нест ва бинобар ҳамин зоғнулро бештар истифода мебаранд.

Лозим ба ёдоварист, ки дукони оҳангарии ин ҳунарманд ба дуконҳои оҳангарии қадима шабоҳат дошт. Деворҳои дукон аз сангҳои қирадор чида шуда, бомаш паст буда, болои он бо шохҳои дарахт рӯпуш карда шуда буд. Як даричаи чӯбини хурдакаки бидуни ягон қуфл дар байни дукон насб гардидааст. Даруни дукон низ одӣ буда, дар миёнаи он чуқурие барои рост истода кор кардан, сохта шуда буд. Ва ин чуқуриро дар байни оҳангарони дигар минтақаи кишвар “пачал” мегӯянд. Тибқи нақли Сабзиков Сабзик ин оҳангархона аз бобояш Бахтиев Давронбек ба мерос монда, таърихи беш аз дусад сола дорад. Ӯ мегӯяд ин чуқуриро бобояш одами қадбаланд, ки буд, аз ҳамин сабаб он чуқуриро махсус, барои худаш омода кардааст. Ҳоло он ки пачалро (чуқурӣ) дар дигар дуконҳои оҳангарӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст. Дар назди пачал сандони хурдакаке гузошта шуда буд, ки бино ба гуфтаи худаш он ҳанӯз аз соли 1975 то имрӯз хизмат менамояд. Дукони мазкур равзана надошт, рӯшноӣ танҳо тавассути сақфаш медаромад. Чи тавре болотар қайд карда будем, бомашро бо шохҳои дарахт тунук пӯшонида буданд, ки аз байни онҳо рӯшноӣ медаромад. Баръакси дигар дуконҳои оҳангарии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар дукон ягон ноқили барқ пайваст набуд, ҳамаи корҳоро дастӣ анҷом медиҳанд. Масалан, имрӯзҳо дар дуконҳои оҳангарии кишвар ба ҷои саночи дам муҳаррики барқиро истифода мебаранд, ки вазифаи шамол доданро иҷро мекунад. Аммо ин чиз дар ин ҷойҳо ба таври табиӣ, яъне бо даст кор фармуда мешавад. Шояд шароити номусоидии дукони оҳангарӣ, набудани талаботи мардум ва ё зимистони шадиди ин минтақаи кӯҳӣ бошад, ки дар фасли зимистон умуман оҳангарон кор намекунанд.

Оҳангарон дар маҳсулоти сохтаи худ, барои аз маҳсулоти дигар ҳунармандон фарқ кардан сикка мезананд. Сикка ё тамғаи онҳо ба монанди моҳу ситора, сари ҳарфи ному насаб ва ғайраҳо мебошад. Тамғаҳо дар оҳани гирди дарозшакли ба андозаи 15-20 см ҳаккокӣ карда шудаанд. Маҳсулотро дар оташ мулоим намуда, муҳр мезананд, ки нишонаи маснуоти усто ҳисоб меёбад. Тибқи нақли Давлатов Муҳаммадилёс, ҳангоми муҳр задан бояд дуои мазкурро хонд: “Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, олимул ғайби ва шаҳодати ҳува раҳмони раҳим”. Оҳангари номбурда шарҳи дуояшро чунин маънидод намуд: “Шаҳодат медиҳад, ки аз фалон одам аст ин муҳр”. Дар асл ин тарҷума каме ғалат аст, аммо ин оҳангар ба ин чиз эътиқод намуда, пешаи худро бо дили гарм идома дода истодааст.

Баъзе оҳангарон, аз ҷумла, Давлатов М. об додани маҳсулоти сохтаашонро ҳам фарз ва ҳам воҷиб медонанд. Мегӯянд, ки “агар корд, табар, теша ва ҳар чизи буррандаро об надиҳем, инҳо намебуранд. Ин амр дар рисолатномаи ҳазрати Довуд дарҷ гардидааст, аммо имрӯзҳо мо бо равған ва равғанҳои техникӣ об медиҳем”.

Дар вақти об додан “Ва иннаҳу таввобу раҳим” мегӯянд. Дар охир маҳсулотро сохта ба анҷом расониданд, онро, ки ҳанӯз мулоим аст, аз оташ мегиранд ва онро оҳиста-оҳиста дар об тар мекунанд. Ин амалро якчанд бор такрор мекунанд, то ки ин маҳсулот сахт ва боқувват шавад. Оби таште, ки ҳамеша дар назди оҳангарон барои оҳанро хунук кардан меистад, онро шифобахш медонанд. Ҳамсуҳбати мо идома медиҳад, ки ин об барои бемориҳои қанд, безуриётӣ, фишорбаландӣ даво мебошад. Ҳатто одамон омада, барои беморҳояшон гирифта мераванд.

Ба таври хулосаметавон қайд кард, ки пешаи оҳангарӣ чун дигар ҳунарҳои суннатӣ имрӯзҳо идома дошта, мардум ба маҳсулоти он дар ҳаёти рӯзмарраашон ниёз доранду ҳамарӯза онро мавриди истифода қарор медиҳанд. Азин рӯ, ин навъи унсури фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар фаъол буда, ҳамеша дар густариш аст.

Холмуродов Зафар