Сомонаи пешина | Ҷм, 02 Июн 2023 / 10:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТОҚӢ

30.09.21.4Тавре, ки маълум аст, тоқӣ (тӯпӣ) як навъ каллапӯши махсуси мардумони Осиёи Миёна ба шумор меравад. То ҷое, ки медонем, кулоҳ на танҳо каллапӯш, балки ҳанӯз дар замонҳои қадим маъниҳоеро ифода намуда, вазъи иҷтимоии одамонро муайян месохт. “Тӯпӣ”- истилоҳи тоторӣ буда, маънояш “тюбе”, “тепа”, яъне боло, баландист. Дар аввал кулоҳ ба шакли мудаввар ё нӯгтез аз порчаи матои росткунҷа бо нақшу нигори сӯзанишуда ё як қатор чок дӯхта шуда буд. Дар гузашта чунин кулоҳҳо миёни мардумони эрониасл маълум буд ва баъдан туркнажодон тоқиро ба бар карданд. Дар Русия нахустин бор, ҳангоме ки хони тоторҳо ба ашрафони мутеъшудаи рус чун рамзи ҳокимият тоқиро тақдим кард, он бо пиндоштҳои диниву сеҳргарӣ пайвастагӣ дошт.

Тибқи ақоид замони пеш ба занҳову мардҳо иҷозаи сарлуч гаштан дода мешуд. Ҳамчунин мавҳумоте ривоҷ ёфта буд, ки мутобиқи он миёни сарнавишти инсону мӯи сари ӯ вобастагии сеҳромезе вуҷуд дорад ва кулоҳ гӯё аз қувваи эминдорӣ бархурдор аст. Барои мардҳо бошад, сари дастархон сарлуч нишастан гуноҳи азим ҳисоб меёфт.

Инсон аз замонҳои қадим кӯшиш мекард, худро ба ҳар гуна мафҳумҳои тасаллибахши амниятӣ таъмин созад, то ин ки аз хавфу хатар, деву аҷина, мусибату бадбахтиҳо ва амсоли инҳо нигоҳ дорад. Мардум нисбат ба мӯи сар бо эҳсоси махсус рафтор мекарданд. Миёни мардумони Осиёи Миёна чунин ақида устувор буд, ки дар байни мӯйҳо қисме аз ҷон ҷойгузин аст ва аз ин рӯ, бояд эҳтиёт шавад.

Дар баъзе маҳалҳо чунин ақида доштанд, ки гӯё худо аз боло назорат бурда истодааст ва тоқиҳои гулдор гуноҳи онҳоро рӯйпӯш мекарда бошад, бинобар ин ҳам мардҳо ва ҳам занҳо тоқиҳои гулдор мепӯшиданд.

Дар айёми мо низ мардону занон аз он истифода мекунанд. Агар дар гузашта кулоҳҳои аз маводи қимат таҳиягаштаро барои сарватмандон ихтисос медоданд, мардуми одӣ кулоҳҳои аз матоъҳои арзон дӯхташудаву беороишро мепӯшиданд.

Тоқиҳои тоҷикӣ дорои нақшу нигор ва шаклҳои мухталифанд. Онҳо ба навъҳои мардона, занона ва кӯдакона тақсим шуда, аз рӯи ороиш ба маҳалҳо ҷудо мешаванд. Дар фонди осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” зиёда аз 100 намуди коллексияи тоқиҳои тоҷикии мардона, занона ва бачагона мавҷуд буда, тамоми маҳалҳои диёри моро муаррифӣ мекунанд. Тоқиҳо ба амсоли аждаҳорнусха, зерисаллагӣ, тоқиҳои аввали асрҳои XX ва бо ҳуруфи арабиасос навишташуда, чуст ва зардӯзӣ, ки дар китобҳои воридотӣ сабт гардидаанд, ҳифз ва нигаҳдорӣ мешаванд.

Адиба ӮРМОНҶОНОВА,
корманди осорхона

Бознашр аз рӯзномаи «Баҳори Аҷам»