Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

МАВҚЕЪИ ОБ ДАР ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

obДар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадимулайём об мавқеи хоса дошта, ниёгони мо дар ҳама давру замон чун дигар унсурҳои муқаддас онро гиромӣ медоштанд. Табиист, ки ҳаёти инсонро бидуни об тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин ҳанӯз аз замонҳои қадим мардум кушиш ба харҷ медоданд, ки барои истиқомат бештар мавзеъҳои серобро интихоб намоянд.

Масъалаи оби нӯшокӣ ва истифодаи самараноки он имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон проблемаи глобалӣ маҳсуб меёбад. Зиёда аз як миллиард сокинони сайёра ҳамарӯза аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Аз ин рӯ, маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сарфакоронаю оқилона истифода кардани оби нӯшокӣ ва тозаю безарар гардонидани он соли 2003-ро «Соли байналхалқии оби тоза» ва солҳои 2005-2015- ро «Об барои ҳаёт» эълон карданд. Соли 2017 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид барои 10 соли оянда, солҳои 2018-2028 бори дигар дастгирӣ ёфт.

Дар ин самт тасмим гирифтем дар бораи об ва мавқеи он дар фарҳанги мардуми тоҷик чанд андешаеро дар такя ба гуфтаҳои муҳаққиқон иброз намоем. Диққати моро пеш аз ҳама маросимҳои иҷтимоии марбут ба об миёни мардуми тоҷик ҷалб намуд.

Табиист, ки ҳанӯз аз давраҳои пеш ниёгони мо аз рӯзи таваллуд то нафаси охирон як қатор ҷашну маросимҳои махсуси вобаста ба об доштаанд, ки аксари онҳоро то замони мо оварда расонидаанд. Агар як қисми ин маросимҳо вобаста ба табиат ва кишту кор бошад, қисми дигари онҳо бевосита ба инсон рабт доранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз давраҳои қадим то ба ҳол аз таваллуди тифл то дами марги инсон як қатор маросиму анъанаҳое мавҷуданд, ки бевосита ба об алоқаманданд.

Масалан, дар аксари манотиқи кишвар тифлро пеш аз ба гаҳвора бастан, аввал, оббозӣ медароранд, ки он ҳам махсус маросими саршӯёни тифл ном дорад. Дар ин бора мардумшинос Б. Шермуҳаммадов чунин мегӯяд: «Маҳз дар серӯзагӣ тифлро момо (доя) ё ягон зани тансиҳат оббозӣ доронда, курта мепӯшонад ва дар ин ҳангом дуъое мегӯяд. Масалан, дар Конибодом чунин мегӯянд.

Об - оби хоб
Об - оби беғамӣ
Об а нур
Мо аз хок
Паншамия панҷ ман гӯшт
Сешамия се ман гӯшт
Чоршамия чор ман гӯшт
Об – оби харобаяк
Об хароб, лӯлак фарбеҳ.

Дар Ҳисор, Мастчоҳ, Ӯротеппа ва Самарқанд баъд аз навзодро оббозӣ дорондан, се карат ба тахтапуши вай об пошида: «Об хароб, бача фарбеҳ» мегуфтанд». [10, с.20-21]

Саршӯёни тифл маросимест, ки дар тамоми манотиқи кишвар қариб як хел иҷро карда мешавад. Дар бештари шаҳру навоҳӣ баъд аз ҳафт ва ё нӯҳ ва ҳатто баъзан дар рӯзи таваллуди тифл, умуман пеш аз ба гаҳвора бастан баргузор мегардад. Тифлро пеш аз ҳама як зани солхӯрда ва ботаҷриба оҳиста рӯи дасташ гирифта, аз болои сараш ба шустан шурӯъ менамояд. Дар ин ҳангом модари тифл вазифаи обрезро иҷро мекунад, ки ҳамзамон тарзи шустани навзодро мушоҳида карда, меомӯзад. Ин амалро бештар дар вақти набудани ашхоси бегона ба анҷом мерасонанд. Дар доираи ин амал бовару эътиқодоти махсусе роиҷ аст, ки онҳо аз тарафи занҳо бевосита риоя карда мешаванд. Масалан, дар ҷараёни саршӯии тифл бояд об дар зарф ором бошад. Нафари обрез обро бисёр лапиш надода, оҳиста ва нарм ба сари кӯдак бирезад. Зеро ба ақидаи мардум ин барои тарбияи минбаъдаи тифл таъсир мерасонад, гӯё кӯдак дар оянда хашмгину бадҷаҳл ба воя мерасида бошад.

Маросими саршӯёни кӯдакро дар Бадахшон низ мушоҳида кардан, мумкин аст, ки онро «калзинед» мегӯянд, дар ин маврид пажӯҳишгар Аминов А. чунин нигоштааст: «Ҳангоми калзинед – саршӯйӣ, зани рӯзгордида ва оромтабиате ҳамроҳи модари тифл сари кӯдакро мешӯянд. Вазифаи модари тифл дар ин асно танҳо обрезӣ мебошад. Агар мабодо обро кам ё зиёд рехта, аз уҳдаи он набарояд, зани дигаре ин амалро иҷро намуда, ба ӯ меомӯзонад. Пас аз шустан шахсе, ки масъулияти гаҳворабандиро бар уҳда дорад, се маротиба бо даст аз пушти сар то ба поён «дарду бало набинад» гӯён, даст меафшонад ва кӯдакро ба гаҳвора мебандад. [6, с.169]

Аз иқтибоси мазкур бар меояд, ки мақсади асосии баргузории маросими мазкур агар аз як тараф ба хотири тозагию покизагӣ бошад, аз тарафи дигар бовар доштан ба нерӯву қудрати об ҳамчун муъҷизаи илоҳӣ. Зеро кӯҳансолон бар он ақидаанд, ки оромии об ҳатман ба ҳаёти равонии кӯдак таъсири худро мерасонад. Оид ба ин масъала дар ноҳияи Мӯъминобод чунин андешаро ба қайд гирифта будем: «агар кӯдак баъди чилрӯзагӣ бадғашу гирёнчак ва асабӣ шавад маълум, ки обрез ҳангоми саршӯён обро лапиш додааст. Кӯдак ҳама хислатро аз об мегирад ва агар обро дар саршӯён лапиш диҳад, кӯдак мисли селоба бадҷаҳл ба воя мерасад».[1]

Мардумшинос Юсуфбекова З. дар пажӯҳишҳои худ баргузории маросими саршӯёни тифлро тавъам бо дигар анъанаҳои марбут ба тифли мардуми Бадахшон ба қайд гирифта, чунин ишора намудааст: «Дар рӯзи сеюм дар тағорае оби гарм мегиранд ва зани таҷрибадори оила сари кӯдакро дар он мешӯяд. Инчунин, дар ин рӯз барои кӯдак аз либосҳои қадимаи калонсолони авлод курта дӯзонида, нахустин бор ба ӯ курта мепӯшонанд. Агар духтар бошад, ин куртаро пас аз чил рӯз ва агар писар бошад, пас аз бист рӯз аз танаш мебароранд. Аз рӯи боварҳои ин мардум, писар дар бистрӯзагӣ, гӯё, мисли чилрӯза ба воя мерасад. Пас аз баровардан куртаи аввалини кӯдакро ба шохи бутаи хуч «хор» овезон мекунанд. Дуо мекунанд, ки мисли буттаи хуч боқуввату серҳосил гардад» [12, с. 76]

Гуфтаҳои Юсуфбекова З. далел бар онанд, ки вобаста ба бовару эътиқодҳо мардуми тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим ба об, дарахтони серҳосилу боқувват ва дигар неъматҳои илоҳӣ ҳамчун нерӯҳои наҷотбахш боварии қавӣ доштаанд. Лозим ба ёдоварист, ки аксари амалҳоро кӯҳансолон аз рӯи таҷрибаҳои чанддафъаинаи худ иҷро менамуданд ва ҳатман бо итминон ба онҳо арҷгузорӣ мекарданд. Чунончи Шермуҳаммадов Б. дар мавриди роҳ гаштани тифл таҷрибаеро ба қайд гирифтааст: «…Инчунин, дар байни мардум ақидае мавҷуд аст, ки агар кӯдак дер роҳ гардад, волидайнашон дар таҳлука афтида, ба пои кӯдак об мерехтанд, ки монанди об равон гардад». [10, с. 29]

Илова ба гуфтаҳои Шермуҳаммадов Б. бояд зикр намуд, ки аз рӯи гуфтаҳои мардумӣ «обе, ки барои рехтан ба пойи тифл интихоб мешавад, ҳатман аз ҷуй ва ё дарёҳои равон мегиранд»[2], зеро мақсади асосӣ ба мисли об равон гаштани тифл мебошад. Ин ҷо равшану аён дарҷ гардидааст, ки равонии обро дар роҳгардии тифл орзу менамоянд.

Чуноне ки болотар ишора гардид, инсон аз рӯзи таваллуд то дами марг ба об эҳтиёҷ дорад ва зиндагониро бидуни он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ҳама ҷолиб ин, ки лаҳзаҳои муҳими ҳаёти инсон бевосита ба об алоқаманд аст. Чунончи, дар мавриди ҷашни арӯсӣ низ маросимҳои марбут ба об ҳам барои арӯс ва ҳам барои домод дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳатмӣ буда дар саросари кишвар бо тафовутҳои ҷузъӣ доир мегарданд.

Саршӯёни арӯс яке аз маросимҳои анъанавии занони тоҷик маҳсуб меёбад, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон роиҷ аст. Ин маросим дар хонаи арӯс ҳангоми ба хонаи домод рафтанаш, баргузор мегардад, ки ҷараёни он чунин сурат мегирад: Як гурӯҳ духтарон ва дугонаҳои арӯс чор кунҷи чодари гулдӯзишударо дар болои сарашон медоранд ва арӯсро зери навои дафу доира ва суруди анъанавии «саршӯён», ки хеле маъмулӣ аст, аз дохили хона ба саҳни ҳавлӣ мебароранд. Сипас дар болои як косаи шир шонаро гузошта, барои иҷрои маросим ба назди арӯс меоранд, ки ширро рамзи бахти сафед ва баракат медонанд. Дар баъзе минтақаҳо ба ҷойи шир дар коса об мегиранд, ки онро ҳам фоли нек дониста, онро ба ояндаи равшан ташбеҳ мекунанд.

Занон дар якҷоягӣ доира навохта, тарона мехонанд ва нафаре мӯйҳои арӯсро кушода, нӯги кокулҳои онро оҳиста-оҳиста шона задан мегирад. Ҳар боре, ки шона мезанад, онро ҳатман дар шир тар мекунад. Ҷараёни маросим тақрибан 15-20 дақиқаро дар бар мегирад.

Дар бораи чигунагии маросими мазкур дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб муҳаққиқ Аминов А. чунин шарҳ медиҳад: «То қабули Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим занону мардон – наздикону пайвандони домоду арӯс ба чодари болои сари арӯс дошташуда пул мепартофтанд. Аслан маросими саршӯён ҳангоми омадани шаҳмардон иҷро мегардид. Дар охир маблағи ҷамъшударо ба зани доирадасте, ки таронаи саршӯёнро месароид, ҳамчун ҳаққи хизмат медоданд. Имрӯзҳо бошад ба болои сари арӯс ба тариқи рамзӣ қанду ширинӣ мепартоянд». [7, с. 68]

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маросими саршӯёни арӯс низ ба хотири покию тозагӣ доир мегардад. Зеро тибқи навиштаи муҳаққиқ Аҳмадов Р. дар вилояти Суғд ва минтақаҳои тоҷикнишин Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими саршӯёни арӯсро «ҳинобандон» мегӯянд. [ниг.: 1, с. 83-95]

Маросими мазкур таронаи ба худ хос дорад, ки ҳангоми мӯи арӯсро шона задан, сароида мешавад. Суруди саршӯён дар ҳамаи манотиқи кишвар қариб як хел иҷро карда мешавад ва баъзан дар байнаш рубоётҳои гуногуни халқиро илова намуда, занону духтарон дар якҷоягӣ зам-зама мекунанд. Намунаи суруди саршӯён чунин мебошад:

Шӯяк, шӯяк, шӯякуш,
Холаи саршӯякуш.
Оста бизан шонарае,
Накана як мӯякуш.

Эй очаи ҷон илоҳ-илоҳит кардум,
Хокистари кучата кулолӣ кардум.
Ҳаждаҳ сари сол хоната бонӣ кардум,
Имрӯз, ки мерам хоната холӣ кардум.

Шӯяк, шӯяк шӯякуш,
Холаи саршӯякуш.
Оста бизан шонарае,
Накана як мӯякуш.

Эй очаи ҷон, чиба калонум кардӣ,
Ширум додие, ситам ба ҷонум кардӣ.
Аввал ба азизгиҳо калонум кардӣ,
Охир ба ғарибиҳо равонум кардӣ.

Шӯяк, шӯяк шӯякуш,
Холаи саршӯякуш.
Оста бизан шонарае,
Накана як мӯякуш [3]

Маросими саршӯён дар гузашта як маъракаи хурсандии занону духтарон буда, дар он суннатҳои анъанавӣ ҳифз карда мешуд. Имрӯзҳо ин маросим ба таври рамзӣ дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар иҷро карда мешавад, ки сохтакорона буда, ҳамчун барномаи саҳнавӣ пешкаши ҳозирин мегардад.

Дар қатори арӯс барои домод ҳам аз замонҳои қадим қабл аз ҷашни асосии тӯй, яъне пеш аз рафтан ба хонаи арӯс маросими сартарошонро доир мекарданд. Дар аксари минтақаҳо ин маросимро бо номи «сартарошон» қайд намуда бошанд ҳам, муҳаққиқон зимни тасвири он ёдовар мешаванд, ки пеш аз сартарошон ҳатман домодро ба ҳаммом бурда расми саршӯёнро низ иҷро менамоянд. Анъанаи саршӯёни домод чунин иҷро мегардид: дӯстони домод ӯро ба ҳаммом бурда, паси дар интизор мешуданд, то домод оббозӣ намуда, худро ба тартиб дарорад. Ҳангоми бозгашт дӯстонаш ӯро ҳамроҳӣ мекардаанд, то ин ки пас аз тозаю покиза шудан нерӯҳои бад ба вай таъсир нарасонанд. Баъдан маросимҳои дигари ҷашни арӯсиро иҷро менамуданд. Намунаи дигари ҳамроҳии домодро Аминов А. аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ мушоҳида намуда, дар бораи тарзи баргузории он чунин изҳори андеша менамояд: «Сипас домодро ҳаммом барои саршӯӣ мебаранд. Баъди баромадан, домодро яке аз рафиқонаш болои китф бардошта меорад, зеро акнун ӯ ҳукми «шоҳ»-ро мегирад. Домодро дар Бадахшон «ша(ҳ)», «подшо(ҳ)» ва «ша(ҳ)мард» мегӯянд. Баъди саршӯӣ ӯ дар тан либосҳои сафеди тик дорад». [6, с. 181]

Аз иқтибоси мазкур ва гуфтаҳои боло бараъло муайян кардан мумкин аст, ки баргузории анъанаи саршӯёни домод низ ба монанди саршӯёни арӯс ҳамоно ихлос ба покӣ ва нерӯи муҳофизатӣ доштани об аз қувваҳои манфӣ будааст.

Маросими дигаре, ки боз ҳам ба об рабт дорад, баргузории никоҳи исломӣ дар мавриди ҷашни арӯсӣ мебошад. Дар қатори дигар амалҳои рамзӣ дар маркази баргузории маросими мазкур низ косаи об меистад, ки муҳаққиқон онро оби никоҳ номидаанд. Маросими ақди никоҳи суннатӣ (исломӣ) дар тамоми минтақаҳои тоҷикнишин як хел баргузор мегардад ва ин амал қабл аз тӯйи арӯсӣ ҳатмӣ буда, аз тарафи домуллои маҳалла ва ё ягон рӯҳонии дигар баста мешавад. Роҷеъ ба тарз ва баргузории маросими никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муҳаққиқон А. Мардонова, Ф. Зеҳниева, Р. Ҷумъаев, М. Шарифова, А. Аминов ва дигарон маълумоти муфассал додаанд. Аз рӯи таҳлили муҳаққиқони номбурда ва мушоҳидаҳои шахсӣ ҷараёни баргузории маросими никоҳ дар ҳама манотиқи кишвар якранг аст. Баъд аз хурдани зиёфат розигии арӯс тавассути гувоҳон ва падарвакил пурсида мешавад. Ҳамзамон розигии домод низ бевосита барои қабули арӯс ба ҳамсарӣ гирифта мешавад. Сипас домулло ба хондани хутбаи никоҳ шурӯъ менамояд. Дар назди домулло косаи об ва дар болои он як дона нони чапотӣ ва ё пораи матои сафеди нав гузошта мешавад. Дар бораи нони чапотӣ, ки ранги сафед дорад ва ё матоъи сафед ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки онҳо ҳамчун рамзи фаровониву баракат ва бахти сафеди навхонадорон дар ин маросим истифода мешаванд. Аммо таваҷҷуҳи моро боз ҳам косаи об ва ё ба истилоҳ оби никоҳ ба худ ҷалб намуд. Зеро домулло қироати хутбаи никоҳ ва оятҳои Қуръони каримро маҳз бо косаи об иҷро менамояд.

Оби никоҳ. Чуноне ишора шуд аз замони овардан то оғози хутбаи никоҳ болои об бо матоъи сафед ё нони чапотӣ пушида аст. Вобаста ба боварҳои мардумӣ оби никоҳ бояд тоза ва пӯшида бошад, то ин ки ҷину париҳо, ки макони аслияшон мавзеъҳои хурсандиву нишот аст, ба он таъсири худро нарасонанд. Инчунин, замони овардани оби никоҳ бояд шахсони нопоку нияти баддошта ҳам он обро нибинанд ва онро нопок насозанд.

Дар мавриди маҳз тавассути оби никоҳ хондани хутба ва нӯшонидани он ба домоду арӯс гӯянда Набиев Абдулло, ки донандаи хуби аҳкоми исломӣ буда, чандин навҷавононро никоҳ намудааст, андешаашро чунин баён намуд: «Об яке аз мӯъҷизаҳои поки Худованд аст, ки хусусиятҳои зиёде ба худ дорад. Пеш аз ҳама об қувваи ҷозиба дошта, сухан ва ё нафасро ба худ кашида мегирад. Инчунин об ҳам ба мисли инсон қувваи ҳофиза дорад ва дар хотирааш нигоҳ медорад. Масалан, мегӯянд, ки «Хобатро ба оби равон гӯй». Барои он ба оби равон мегӯянд, ки об он хобро бо худ гирифта барад. Аммо никоҳ ва оби даму қайтарма дар оби ором хонда мешаванд. То ин ки онҳоро дар хотирааш нигоҳ дорад ва ин об ба шахсони даркорӣ нӯшонида мешавад, ки таъсирбахш шавад.

Хутбаи никоҳ, ки мазмунан пайвастагӣ ва устувориву ободии навхонадорон аст, ба оби тоза хонда мешавад. Обро пас аз хондани хутбаву оятҳо аввал ба домоду арӯс нӯшонидан ҳатмист. Зеро бояд аввал таъсираш ба онҳо бирасад. Баъдан дигарон низ бо ниятҳои нек метавонанд аз он нӯшанд» [4].

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки оби никоҳ низ ба ғайр аз рамзи покӣ боз бо мақсади қавию мустаҳкамии оила истифода мешудааст. Ҳатто мардум ба ҳофизаи об ва қабули нерӯи сухан ба он бовариву итминон доранд.

Чи тавре ки аз мушоҳидаҳову таҳлилҳо бармеояд, инсон аз вақти таваллуд то ба ҳангоми марг ба об эҳтиёҷ дорад. Аксари ин расму анъана дар худ рамз дошта, ифодагари покиву иффат ва ростиву ҳақиқатпарастӣ мебошад. Аммо зимни таҳлилу натиҷагириҳои урфу одат, анъана ва маросимҳои об ки бевосита ба ҳаёти инсон алоқаманданд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки бовариву ихлос ва пайвастагии ҳаёти одамият ба об ҳанӯз аз замонҳои қадим хеле устувор будааст.

Мавриди зикр аст, ки дар иртибот ба масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар таҳқиқоти донишмандон дар дохили анъана ва ё маросиме оид ба об ишораҳо шуда бошанд ҳам, моҳияти аслии он то ҳол ба таври васеъ кушода нашудааст. Аслан ҷанбаҳои фарҳангии ин ё он маросим таҳлил гардида, дар ҷараёни тасвири он доир ба об ишораҳо низ шудаанд. Метавон гуфт, ки ҳанӯз ҷанбаҳои зиёди фарҳангии об дар ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик норӯшан боқӣ мондаанд. Дар радифи чанд маросиму анъанаҳои таҳлилгардида боз садҳо урфу одатҳое вобаста ба об миёни мардум мавҷуданд, ки то ба имрӯз барассӣ нашудаанд ва наметавон тавассути як мақола онҳоро фаро гирифт. Кӯшиш менамоем, ки дар таҳқиқотҳои минбаъда ҷанбаҳои дигари фарҳангии об ва мавқеъи онро дар фарҳанги мардуми тоҷик таҳлилу натиҷагирӣ намоем. Ин ҷо дар такя ба маросимҳои дар боло таҳлилгардида, ба тариқи хулоса иброз менамоем, ки об аз муқаддастарин муъҷазаҳои табииест, ки инсоният аз замони таваллуд то дами марг ба он ниёз дорад ва он сазовори ҳама гуна гиромиву посдориҳо буда метавонад.

Рӯйхати адабиёт:

1. Аҳмадов, Р.Ҳинобандон// Пажӯҳишҳо дар фарҳанги мардуми тоҷик.– Душанбе: Дониш, – 2015. С. 83-95
2. Мардонова, А. Традиционные похоронно - поминальные обряды таджиков Гиссарской долины (конца XIX-начала XX) вв. –Душанбе: Дониш, 1998. – 236 с.
3. Мухиддинов, И. Особенности традиционного земледельческого хозяства припамирских народностей в XIX- в начале XX века. Дониш. Душанбе. 1984. 196 с.
4. Раҳимӣ, Д. Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик. – Душанбе: Озар, 2004. – 144 с.
5. Раҳимов, М. Таваллуд ва тарбияи фарзанд // Таджики Каратегина и Дарваза. – Душанбе: Дониш, – 1976. Выпуск 3. – С.58-96.
6. Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 2016. – Шумораи 2. – 240 с.
7. Фарҳанги ғайримодии халқи тоҷик. – Душанбе: Аржанг, 2017. – Шумораи 4. – 240 с.
8. Ҷумъаев, Р. Ҷашни арӯсии тоҷикони водии Ҳисор: Пажӯҳиши этнологӣ-фолклорӣ. – Душанбе: Амри илм, 2001. – 134 с.
9. Ҷумъаев, Р. Таваллуд ва тарбияи атфол дар байни тоҷикони кӯҳистон Зарафшон. – Душанбе: Эр-Граф, 2012. – 96 с.
10. Шермуҳаммадов, Б. Назми халқи бачагонаи тоҷик. – Душанбе, 1973. – 187 с.
11. Эшонкулов, У. История земледельческой культуры Горного Согда ( с древнейших времен до начала XX в.) – Душанбе: Деваштич, 2007. 849 с.
12. Юсуфбекова, З. Семья и семейный быт Шугнанцев (конец ХIХ-начало ХХ века). – Москва, 2015. – 220 с.

Холмуродов Зафар

 

[1] Гӯянда Пирова Давлатмоҳ.(соли тав. 1956) к. Асрор, н. Мӯъминобод, ҳунарманд.
[2] Гӯянда Убайдуллоева Луъбат.(соли тав. 1969) ҷ.д. Понғоз, н. Ашт, хонашин.
[3] Гӯянда Раҳимова Робиямоҳ (соли тав. 1971) д. Садбарго, н. Ҳамадонӣ, хонашин.
[4] Гӯянда Набиев Абдулло (соли тав. 1971) сокини маҳаллаи Ҳазрати Мавлонои ш. Душанбе, домулло.