Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 08:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷома либоси болопӯши тоҷик

Либос ин қисми таркибии фарҳанги моддӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Дар либоси миллӣ на танҳо унсури фарқкунандаи дурахшони фарҳанг, балки омезиши намудҳои гуногуни санъати ороишӣ низ дида мешавад. Либоси миллӣ дар тӯли садсолаҳо унсурҳои анъанавии нақшҳову унсурҳои худро нигоҳ дошта яке аз ихтирооти беҳтарини инсоният аст.Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани рангорангии ин ҳунар дар миёни мардум зиёд гардидааст, ки далели ин гуфтаҳо эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.

Ҷома (чапон) – либоси миллии пахтагини дарозиаш аз зону поён мебошад, ки аз рӯи либос мепӯшиданд ва он аз матоъҳои гуногун дӯхта мешуд. Ҷома либоси таърихӣ буда, дар ҳамаи фасли сол вобаста ба фактори ҷуғрофии маҳал ба бар мекарданд. Ҷомаро бештар дар фасли сармо мепӯшиданд. Баъзан дар фасли гармо низ, ҳангоми корҳои саҳроӣ, ба хотири ҳимоя аз нуриҳои сӯзони офтоб ё ин, ки ҳангоми маросими мотамдорӣ ҷомаҳои махсуси мотамӣ дар бар менамуданд, ки ин анъана аз давраҳои қадим то замони мо омада расидааст. Дар асрҳои ХХ дар байни мардуми хуҷандшаҳр ҷомаҳои зирагӣ ва сандуфи сиёҳ ба мӯд даромада буд. Ҷомаи зирагиро бештар навдомодҳо, сандуфи сиёҳро калонсолон, хурдсолон бошанд ҷомачаи подшоҳии зангорро дар бар мекарданд ва он хеле арзиши баланд дошт. Навоварӣ дар тарҳи либос дар асрҳои XIX ва аввали асри XX бо зуҳури буришҳои нави даврадӯзӣ, намудҳои нави гиребонҳо, камзӯлчаҳо дар куртаҳои занона, зербарҳо, ҷузъи ороишоти киссаҳои дарунӣ ва ғайраҳо дида мешавад.

Ҷомаҳо бо дарзҳои лаганда оро дода шуда, серпахта, кампахта ва бепахта ҳам дӯхта мешуданд. Ҷома аз авра, астар, лаблӯла, ҷиҳак, фаровезӣ, пахта, бандак, тугма ва ғайраҳо иборат аст. Ҷома якчанд хел мешавад, ҷомаи мӯнисак, кимхоб, кундал, бахмал, зардӯзӣ, подшоҳи зангор, зирагӣ, парча, парчафаранг, червонбеқасаб, румча, ҷанда ва ғайраҳо, ки намунаи беҳтарини онҳоро метавон аз экспозитсияи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан кард. Дар коллексияи этнографии маъхази Осорхона зиёда аз 100 адад ҷомаҳо мавҷуд буда, аз ҷиҳати сохт, шакл, дӯхт, ҷинсият ва даврааш аз ҳамдигар тафовут доранд.

Инчунин дар байни мардуми тоҷик ҷомаҳои зардӯзӣ низ ҷойи махсусро ишғол намуда, аз рӯйи тақсимоти табақавӣ онро танҳо мардуми доро дар бар менамуданд. Ҷомадӯзон ҳангоми дӯхтани ҷомаҳои зардӯзӣ хеле бодиққат ва эҳтиёткор буданд. Аз торҳои заррин барои ҷомаҳои зардӯзӣ гулҳои махсус медӯхтанд, ки мувофиқи порчаи интихобшуда буд. Ҷомадӯзон ба каҷ нашудани гулҳо, ҳамоҳангии байни онҳо ва баъзе нақшу нигори зарурӣ аҳамият медоданд. Ҳунармандони зардӯз дар ҷомаҳо асосан нақшҳои “бутадор”, “қӯшбодом”, “барги хазон”, “хишт”, “гули шохча”, “барги шуллук”-ро зардӯзӣ мекарданд. Ҷомаҳои зардӯзӣ аз сабаби як навъи либоси муҳим буданаш, барои тӯҳфа кардан низ арзишманд буд. Аз ин рӯ дар аксари маросимҳои шодӣ ва ҷашнҳо кӯшиш мекарданд, ки ба меҳмонон баҳри қадрдонӣ ҷомаҳои хушдӯхт ҳадя намоянд. Ин анъана то замонҳои имрӯза расида ҳоло ба меҳмонҳои хориҷӣ барои арзи эҳтиром ҷомаҳои зардӯзӣ тӯҳфа мекунанд.

Дар замони муосир низ дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ашхоси куҳансол, арӯсу домод дар маросими тӯй, дастаҳои ҳунарпешагон ҳангоми ҳунарнамоӣ ҷомаро дар бар карда, шакл ва дӯхти онро ба замони муосир мутобиқ намудаанд.

Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки тароҳони имрӯза анъанаи либоспӯшии ниёгони хешро идома дода, дар коллексия либосҳои замонавии хеш дӯхти ҷомаҳои гуногунро васеъ истифода мебаранд.

Мутриба Мамадҷонова
мудири шуъбаи таърихи
МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”