Сомонаи пешина | Дш, 03 Август 2020 / 19:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«САД САНО БОДО БА ОН ДАСТЕ, КИ ТОҚӢ ДӮХТАСТ…». Тоқии вахонӣ-намунаи нодири санъати гулдӯзӣ

 

Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо таҷассуми ҳунарҳои миллӣ даророиши сару либос, ҷиҳози хона ва ғайра миёни  мардум хеле хуб ба роҳ монда шудааст.  Тағйири шаклу намуди ҳамаи навъҳои либоси миллӣ ба хусусияти ин ё он минтақа вобаста аст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷуз ҷӯроб тоқидӯзӣ низ миёни мардум маъмул мебошад. Масалан, яке аз намудҳои ҷолиби санъати ороиши амалӣ ва ҳунарҳои нафиси ин минтақа тоқии вахонӣ  арзёбӣ мешавад. Тоқии вахонӣ яке аз намунаҳои нодири офаридаи ақли инсоният дар санъати гулдӯзӣ маҳсуб ёфта, аз ҷиҳати сабку услуб, нақшу нигор, усулу воситаҳои офариниш, бадеият ва мураккабии дӯхт беназир буда, аз тӯппии (тоқии) дигар минтақаҳои мамлакат бо баъзе нишонаҳои хеш фарқ мекунад.

Тоқиҳои маъмулии мардумиро одатан аз матоъҳои рангоранги махмалин ё баъзе намудҳои матоъ тайёр карда, ба канораи қисми бараш шероз мечаспонанд ва ҳошияи он бо нақшҳои рамзӣ ва табиӣ гулдӯзӣ мешавад. Дар баъзе намуди тоқиҳои мардуми кӯҳистон аз як паҳлӯ пӯпак ҳам ҷой медиҳанд. Аммо тоқиҳои вахонӣ танҳо дар матои сафед бо истифода аз ресмонҳои рангаи пашмин ё абрешимин гулдӯзӣ мешаванд. Ҳунарварони ин намуди санъати дастӣ бо истифода аз матои сафед, бе кашидани нақшу хат, бе истифодаи қолаб, танҳо бо нӯги сӯзан онро гулдӯзӣ менамоянд. Чеварон аз тору пуди матоъ ҳамчун хатҳои рости амудию уфуқии муайянкунанда ва нуқтаи буришу сатҳи байни хатҳои рости маҳдуд пайдошуда, инчунин хатҳои шикастаю кунҷҳои байни хатҳои рост маҳдудшударо ҳамчун воситаи офаринишии шаклҳои ҳандасӣ (геометрӣ) истифода намуда, тавассути тахайюлоти фазогӣ ва андешаронӣ нақшҳои табиӣ ва ҳандасиро моҳирона гулдӯзӣ менамоянд. Ба ибораи дигар, нақшофарӣ ва гулдӯзӣ на танҳо маҳорату санъати ороиши бадеӣ, ҳамзамон доштани тафаккури баланди хаёлию фазоӣ ва андешамандии амиқро низ тақозо менамояд.

Гулдӯзии тоқиҳои вахонӣ мухталиф буда, такрори нақш ё гул дар онҳо хеле кам дучор мешавад. Яъне, гуногуннақшӣ ва гуногунрангӣ асоси ин тоқиҳо мебошад. Нақшу нигорҳои дар тоқӣ бо санъати зарифу нафис гулдӯзишуда рамзӣ буда, дар онҳо тарзу тариқаи сабки фазо, манзара, олами атроф, муносибати инсон ба ҳаёт ва ғайра борикбинона ва бо баҳисобгирии таносуби нақшҳо дар майдони нақшофарӣ (тоқӣ) таҷассум ёфтаанд.

 

Директори Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи ноҳияи Ишкошим Айдӣ Қадамалиев зикр кард, ки нақши маъмули тоқии вахонӣ- салиби нӯгдор мебошад, ки дар таркиби баъзе силсиланақшҳо такрор мешавад. Он рамз ва нишони ориёиҳо мебошад.

Яъне, гулдӯз бо ифтихор аз ориёӣ буданаш рамзи ориёиҳоро дар майдони нақшофарӣ бо маҳорати баланд ва санъаткорона сабт намудааст. Беҳуда нест, ки расми тоқии вахонӣ ҳамчун рамзи ифтихор аз санъати воло ва оламшумули миллат дар асъори миллии тоҷикии 20 сомонӣ дарҷ ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки Вахон водиест, ки қад-қади ду соҳили дарёи Панҷ доман паҳн карда, аз маркази маъмурии ноҳияи Ишкошими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вулусволии Султон Ишкошими Ҷумҳурии исломии Афғонистон оғоз ёфта, асосан то баҳамрасии рӯдҳои Помир ва Вахон, ки дарёи Панҷ аз ҳамин ҷо ибтидо мегирад, тӯл кашидааст.

 

Бошандагони он тоҷик буда, ба гурӯҳи тоҷикони қисмати шарқии Эрон мутааллиқ мебошанд. Онҳоро вахониён ё вахиҳо низ меноманд. Вахониҳо на танҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, балки бо теъдоди зиёд дар қисмати шимолии Ҷумҳурии исломии Покистон, дар вилояти мухтори Уйғур (Синзян), шаҳрҳои Қошғар, Ёрканд, Хутан ва Тошқурғони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ сукунат доранд. Ба ғайр аз забони тоҷикӣ боз бо шеваи махсуси гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ низ гуфтугӯ менамоянд.

Шароити зисту зиндагӣ ва сахтиҳои кӯҳистон ин мардуми заҳматпешаро ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл водор намудааст, ки ба ғайр аз зироаткорию чорводорӣ боз ба косибию ҳунармандӣ шуғл варзанд.

Дар фарҷом шеъри шоираи зиндаёд Моҳинав Байрамбековаро, ки тоқии вахониро хеле моҳирона тараннум кардааст, манзури  хонандагон  менамоем:

Тоқии гулдӯзии ман сар ба сар нақшу нигор,

Нусхааш бигрифта чевар аз руху ранги нигор.

Гирд бошад он чу тимсоли замини нозанин,

Тори он бошад ба мисли осмони чанбарин.

Нақши дарё ҳаст дар он, нақши кӯҳҳои баланд,

Шарҳи ҳусни безаволи духтарони дилписанд.

Ранги сурхи он бувад чун парчами фатҳу зафар,

Нақши зардаш ҷовидонӣ шуълаи шамсу қамар.

Модари гулдӯз ҳар дам нури чашмаш кам кунад.

Ҳусни оламро ба нӯги сӯзанаш ӯ зам кунад.

Дар сари ороиши ҳар тоқии гулдӯзи ман,

Бишканад ҳусну ҷамоли боғу гулзори Ватан.

Кам надонам тоқиам аз давлати сармоядор,

Бар сарам монам варо ман бо камоли ифтихор.

Баски монда ёдгорӣ он зи аҷдодони ман,

Тоқӣ дорад дар гулаш бас мақсаду ормони ман.

Бар сарам бигзоштам гулчанбаре аз лолазор,

Чун ба сар монам варо, гӯям ки боз омад баҳор.

Сад сано бодо ба он дасте, ки тоқӣ дӯхтааст,

Сеҳркорӣ аз табиат ӯ чӣ сон омӯхтааст ?

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 

http://khovar.tj/2020/01/sad-sano-bodo-ba-on-daste-ki-to-d-htast-to-ii-vahon-namunai-nodiri-sanati-guld-z/