8 июни соли ҷорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии се асари адибони маъруфи кишвар Ато Ҳамдам ва шодравон Леонид Чигрин бо номҳои «Эмомалӣ Раҳмон жасорати» («Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»), «Буюк ипак йӯлӣ» («Шоҳроҳи Абрешим»), «Икки Пешво жасорати» («Корномаи ду Пешво») баргузор гардид. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ адибони тоҷик, меҳмонон аз ҷумҳурии ҳамсоя, намояндаҳои сафорати Ҷумҳури Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва корхонаву муассисаҳои фарҳангии Душанбе ширкат намуданд.
Китоби мазкурро нависанда ва тарҷумони ӯзбекзабони кишвар, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Омонбой Жуманов тарҷума кардааст.