Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нашриёти «Ойдин»-и Тошканд дафтари аввали «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхиро нашр намуд

Дар нашриёти «Ойдин»-и шаҳри Тошканд  бо саъю талоши шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дафтари аввали «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид, ки 4003 байтро дар бар мегирад.

Муҳаррири масъул Олимҷон Давлатов ва муҳаррир Ойдиниссо Юлдошева дар табъу нашри ин асари арзишманд саҳми босазо гузоштаанд. Шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дар таҳкими робитаҳои илмию адабӣ ва муаррифии осори адибони тоҷик дар байни алоқамандони илму адаби кишвари ҳамсояамон –Ӯзбекистон   саҳми муассир дошта, қаблан «Тазкираи адибони муосири тоҷик»-ро бо забони ӯзбекӣ таҳия ва нашр намуд.

Нашри тарҷумаи дафтари аввали «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро муҳаққиқону ҳаводорони каломи бедеъ  чун падидаи бузурги адабӣ эътироф намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки  «Маснавии маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон солҳои 1925—1937 аз забони форсӣ ба забони англисӣ гардонидааст, ки аз 25 632 байт иборат мебошад. «Маснавии Маънавӣ» аз шаш  дафтар иборат аст, чунончи: Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундариҷаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ аз ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом иборат аст.