Сомонаи пешина | Дш, 03 Август 2020 / 19:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ИДИ ҲАҚИҚИИ КИТОБ Муаррифии китоби “Темурмалик - Достони ҷовидонӣ” рамзе аз иди ҳақиқӣ буд

7 апрели соли равон дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар доираи чорабиниҳои Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” муаррифии китоби тозанашри адибаи ҷавону умедбахш – Таҳмина Убайдуллоева таҳти унвони “Темурмалик - Достони ҷовидонӣ” (Вечная легенда Темурмалик) баргузор гардид.

Корманди китобхонаи бачагона Муҳаббати Юсуф маҳфили рӯнамоиро оғоз бахшида, доир ба фаъолияти пурмаҳсули эҷодиву рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии муаллиф ҳарф зад. Баъдан риштаи суханро ба сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги кишвар Қурбон Ғуломзода вогузор намуд. Ғуломзода доир ба мазмуну муҳтавои фестивал сухан гуфта, тавлиди боз як китоби тозанашри бачагонаро фоли нек донист.

Адиб ва тарҷумони маъруф Абдуҷаббори Абдуғаффор зимни суханронии хеш муаллифро бо нашри чунин як китоб таҳният гуфта, барояш барорҳои бештари эҷодӣ таманно намуд.

Дар идомаи чорабинӣ хонандагони мактаби №1-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барномаи ҷолиби фарҳангиро пешниҳод намуданд, ки писанди хотири ҳозирин гардид. Онҳо бо саҳнаҳои зебо нақши китобҳои гӯёро иҷро намуда, муаллифу рассом ва қаҳрамони ҷовид – Темурмаликро боз ҳам бештар муаррифӣ карданд.

Боиси зикр аст, ки китоби мазкур аз ҷониби Кумитаи «Санъати афсонагӯӣ»-и Маркази фарҳангии Осиёи Кореяи Ҷанубӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ ба табъ расида, нашри он бо забони тоҷикӣ дар ҷараён аст. Китобро рассоми кореягӣ Ли Мёнай, ки ба шаҳри Хуҷанд омада бо таърихи қаҳрамониҳои Темурмалик шинос шуда буд, оро додааст.

Муаллиф дар фарҷоми чорабинӣ ба сухан баромада, аз истиқболи хуши наврасон изҳори хушнудӣ кард ва иброз дошт, ки ба ҳама иштирокдорони чорабинӣ китоб тақдим мешавад. Руҳияи хушнудонаи наврасон, ки барои китобро соҳиб шудан талош доштанд, умед ба ояндаи дурахшонро дар замири кас афзун менамуд...



Рӯзномаи «БАҲОРИ АҶАМ»