Сомонаи пешина | Дш, 03 Август 2020 / 20:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Мероси ниёгон” инъикосгари ёдгориҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик аст

Шумораи нави маҷаллаи “Мероси ниёгон”, ки муассиси он ташкилоти ҷамъиятии “Ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст, интишор ёфт.

Дар шумораи мазкур маводҳои ҷолиби таҳлилӣ ва тадқиқотӣ оид ба кӯли Сарез, Қалъаи Хуҷанд, Саразм, Давлати Сомониён ва дигар мавзӯъҳои мубрам рӯи чоп омадаанд.

Хусусан мақолаҳо таҳти унвони “Консепсияи таърихии халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат”, “Аввалин муаллифи эъломияи ҳуқуқи башар”, “Рушди анъанаҳои миллии ориёиҳо дар замони портҳо”, “Саразм – яке аз аввалин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ” ва “Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар вақти низои мусаллаҳона” ки ба қалами олимону муҳаққиқони варзида мансубанд, ба хонанда оид ба саҳифаҳои рангоранги таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик нақл мекунад.

“Мероси ниёгон” нашрияи илмӣ-оммавӣ ва фарҳангӣ-маърифатӣ буда, аз соли 1992 инҷониб нашр мегардад.

 

Маҷаллаи “Мероси ниёгон”