Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 20:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТЕАТР – ОИНАИ ЗИНДАГӢ

teatr javononНИГОҲЕ БА ТАЪРИХ ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ МАҲМУД ВОҲИДОВ

Театр як навъи санъат буда, аз вожаи юнонӣ гирифта шудааст ва маънояш «тамошо», «томошогоҳ» мебошад. Ин навъи санъат воқеияти зиндагиро бо ёрии образҳои бадеӣ инъикос менамояд. Ба таври дигар гӯем агар, театр ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ аз ҳаёт, таърих ва фарҳанги миллии ҳар халқ ҷудонашаванда аст. Яъне, мавҷудияти театр ва мавқеи он дар ҳаёти ҷамъият дар алоқамандиаш бо замон, бо сохти иҷтимоӣ ва талаботи маънавии ҷамъият вобаста аст. Театр чун санъати рушдёбанда бо адабиёт, мусиқӣ, опера, либретто, оперетта, санъати тасвирӣ, балет ва меъморӣ марбут аст. Бояд гуфт, он ҳамчунин, дар тарбияи маънавӣ, сиёсӣ ва эстетикии одамон нақши калон дорад. Аз ин рӯ, дар театр аз тарзу усулҳои гуногуни таъсиррасонӣ – пурмазмунии тарзи ифода ва дигар усулҳои мухталифи ба тамошобин расонанда истифода бурда мешавад. Ин аст, ки таъбири «театр мисли оина аст, ки хулқу хӯ ва моро ба худамон мешиносонад» хеле маъмул аст.

Боиси таъкид аст, ки асоси намоиши театриро драма ташкил дода, вай симои хос, майли ғоявӣ ва имкониятҳои бадеии онро муайян менамояд. Нутқи саҳнавӣ, ки ба қонуниятҳои амалиёти драмавӣ тобест, аз воситаҳои муҳимми театр мебошад. Нутқи саҳнавӣ ба шакли монолог, диалог, монологи ботинӣ аён мешавад ва барои ифодаи афкори қаҳрамон, кушодани характер ва психологияи он, тезутундшавии конфликти намоишнома ва ғайра нақши муҳим дорад. Бо ифодаи дигар, нутқи саҳна ҷони намоиш ба ҳисоб рафта, бори маъноии спектаклро бар дӯш дорад.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз даҳ театри касбӣ ва дар музофот театрҳои халқӣ фаъолият менамоянд. Ҳадафи ҳамаи онҳо тарбияи маънавии инсон буда, ба ин васила дар пешрафти ҷомеаи навин саҳми босазо мегузоранд.

Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистн ба номи Маҳмуд Воҳидов аз зумраи чунин муассисаҳои ҳунарии фарҳангист, ки соли 1971 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Ҳайати эҷодии он аввал аз ҳисоби хатмкардагони Институти давлатии санъати театрии шаҳри Москва ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ташкил гардида, нахустин намоиши худро 27 декабри соли 1971 бо пйесаи Алексей Максимович Горкий «Васса Железнова» дар саҳнаи Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (зеро театри ҷавонон ҳоло бинои худро надошт), шурӯъ намуда буд.

Ба хотири намоиши аввалин спектакли шогирдони худ Борис Владимирович Бибиков аз Москва ба Душанбе омад. Бино ба гуфти театршинос М. Табаров, Б. В. Бибиков дар ҷашн ва барномаҳои расмии ифтитоҳи театр ҳузур ёфт ва сипоси худро ба Ҳукумати Тоҷикистон бобати он изҳор дошт, ки гурӯҳи хатмкардагони ҷавонро ба театрҳо тақсим накарда, балки барои онҳо театри наве таъсис диҳанд. Ба ин хотир 27 декабри соли 1971 дар таърихи театри тоҷик ба унвони рӯзи таъсиси Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон мондагор шуд. Пас аз муддате дар кӯчаи Комсомоли шаҳри Душанбе бинои ҷудогона барои театри нав ихтисос ёфт. Соли 1984 бошад, театр дар бинои нав, ки дар хиёбони Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе барояш муҷаҳҳаз гардид, ҷой гирифт ва то ба ҳол дар он ҷо фаъолият дорад.

Дар тӯли солҳо масъулияти театрро ҳунармандону режиссёрони шинохта (ҳамчун директор) А. Аҳмадов, А. Ҷалолов, А. Сидқӣ, Б. Ивазов, М. Холов, А. Қодиров, Б. Абдураззоқов, С. Абдуллоев ва Т. Бобоев ба уҳда доштанд. Айни замон ин масъулият бар дӯши Суҳроб Мирзоев вогузор гардидааст. Дар баробари ин, дар театр ҳунарпешаҳои шинохта Ҳ. Абдураззоқов, Т. Аҳ-мадхонов, Б. Долинов, В. Ланге, Э. Масафоев, Ш. Қиёмов, А. Қодиров, Д. Убайдуллоев, Ш. Халилов, С. Усмонов, М. Миров, Н. Меликов ва боз ҳам (то ҳоло) Шавкат Халилов ҳамчун режиссёр фаъолияташонроо идома додаанд. Минбаъд театр пйесаҳои «Хазони сари роҳ» (Фотима Ғуломова) ва «Ғори аҷинаҳо» (Гулрухсор Сафиева, соли 1972), дар таҳияи режиссёр Тӯрахон Аҳмадхонов, саррежиссёр Ҳабибулло Абдураззоқов ба саҳна гузошт.

Минбаъд, пас аз панҷ сол сафи ҳунарварони театр аз ҳисоби хатмкардаҳои дигари ГИТИС ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода афзуд. Бино ба ақидаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодиров, ки солҳои тӯлонӣ дар ин даргоҳ фаъолият намудааст, беҳтарин спектаклҳои намоишдодаи ин театр «Муаллими рақс»-и Лопе де Вега (с. 1973), «Робиаи Балхӣ»-и Абдусалом Атобоев, «Ситора-дуздон»-и Султон Саидмуродов ва А. Симуков (с. 1975), «Модар»-и К. Чапек, «Сарею савдое»-и Меҳмон Бахтӣ (с. 1976), «Дилшод»-и Аъзам Сидқӣ (с. 1977), «Ситораи раҳнамо»-и Комил Яшин (с. 1978), «Гирдоби бало»-и Алексей Островский (с. 1979), «Латифаҳои деҳот»-и А. Вампилов, (с. 1980), «Мавзӯи озод»-и А. Чхеидзе (с. 1980), «Суруди зиндагӣ»-и Б. Равинский ва М. Анчаров (с. 1981), «Эътирози 17 нафар»-и Ю. Лиманов, «Фолбинии Афандӣ»- и Абдумалик Баҳорӣ (с. 1982), «Арӯс ва домод»-и М. Бойҷиев, «Як пула савдою сад пула ғавғо»-и Вилям Шекспир (с. 1983), «Кабӯтарони сафед»-и Салимшо Ҳалимшо (с. 1983), «Алафҳои бегона» - и Султон Сафаров, «Умед»-и Шодӣ Солеҳов (с. 1984), «Торҳои муҳаббат»-и Қутбӣ Киром (с. 1985), «Пеш аз борон»-и А. Ҳамдам (с. 1986), «Дон Жуан»-и Жан Батист Молйер (с. 1987), «Сухани нек»-и А. Голфред (с. 1988), «Хона-сӯзон»-и Макс Фриш (с. 1989), «Фиғон»-и Чингиз Айтматов (с. 1990), «Қиссаи ошиқон»-и Султон Сафаров (1991), «Рӯ-дакӣ»-и Сотим Улуғзода (1993), «Сафармахсум дар Қаратоғ»-и Ато Ҳамдам (с. 1994). «Нахоҳам иллати миллат»-и Маҳ-мадшариф Холов (с. 1995), «Саргузашти Ҳотами Той»-и Ҷумъа Қуддус (1996), «Заволи Чамбули мастон»-и Сафармуҳаммад Айюбӣ (с. 1997), «Киштиши-кастагон»-и Ҷумъа Қуддус (с. 1998), «Олами вуҳуш»-и Абдуҳафиз Қодирӣ (с. 1999), «Мири Кабир»-и Муҳаммад Ғоиб (с. 2000), «Хуршедсавор»-и Атахон Сайфуллоев (с. 2001), «Ба пеш, холаҳо!»-и Шодӣ Солеҳ (с. 2002), «Бегоҳи шанбе» - и М. Бойҷиев (с. 2003), «Аз мост, ки бар мост»-и Абдуҳафиз Қодирӣ (с. 2004), «Карим – девона»-и Тӯрахон Аҳмадхонов (с. 2005), «Тавқи лаънат ва номзад»-и Шодӣ Солеҳ ва Зулфияи Содиқ (с. 2006), «Отелло»-и Вилям Шекспир (с. 2007), «Рӯзе дарозтар аз қарн»-и Чингиз Айтматов (с. 2008), «Чашмони бародари қиёматӣ»-и Нур Табаров, «Рустам ва Суҳроб»-и Султон Усмонов (с. 2009), «Сарбозони қаторӣ»-и Александр Дударев (с. 2010), «Шабе дур аз Ватан»-и Бозор Собир (с. 2011), «Пайраҳаи зиндагӣ»-и Султон Сафаров (2012), «Аловиддин ва чароғи сеҳрнок»-и Нозим Меликов (с. 2013), «Гирдбод»-и Нур Табаров (с. 2014), «Моҷарои сари пода»-и Нурулло Абдуллоев ва даҳҳо спектаклҳои солҳои минбаъда ба саҳна гузоштаи таҳиягарони ин даргоҳ аст.

Намоишномаҳои таҳиякардаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон асосан масъалаҳои иҷтимоӣ, меҳнати пурсамари мардум, ҷаҳони ботинии инсон, садоқат ба Ватану халқ, тараннуми ишқи поки зиндагӣ, инъикоси сулҳу салоҳ ва музаффариятҳои даврони истиқлол, ободкорӣ ва дигар комёбиҳои ҷумҳурии азизамонро инъикос кардаанд.

Тӯли қариб панҷоҳ соли фаъолияташ театри номбурда ҳунарпешаҳои зиёдеро тарбияву ба камол расонидааст, ки тамошобини тоҷик ва берун аз ҷумҳурӣ онҳоро бо нақшҳои офаридаашон ба хубӣ мешиносанд ва маҳбуби дилҳо гардидаанд. Ҳунарпешаҳои хал-қии Тоҷикистон Амонулло Қодиров, Раҷабгул Қосимова, Фаррух Қосимов, Ибодулло Машрабов, Шодӣ Солеҳов, Дилбар Умарова, Тағоймурод Розиқов, Ғолиб Исломов, Нуриддин Насриддинов, Гулсара Абдуллоева, Мавлуда Обидова, Асалбегим Саодатова, Соҳибсултон Алиназарова, Фирӯз Умаров, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Қурбон Ҳомидов, Бобосаид Ятимов, Абдумумин Шарифов, ҳунарпешаҳои собиқи театр Ҳотам Нуров, Заррина Хушвақтова ва даҳҳо дигарон аз ҷумлаи ҳунарпешаҳои маъруфи ин театранд. Бояд таъкид кард, ки гурӯҳе аз ин ҳунарпешаҳои хушсалиқа ба дигар театрҳои мамлакат даъват гардида, саҳнаҳои онҳоро низ бо нақшҳои хотирмони худ обод нигоҳ доштаанд.

Бешубҳа, барои ба камол расидани ҳунармандони ҳирфавӣ саҳми режиссёрону оҳангсозон, муаллимони нут-қи саҳнаву мудирони қисми адабӣ, рассомону пардозгарон ва дигар кормандони техникӣ саҳми беандоза доранд. Дар ин ҷо Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов, Мирзоватан Миров, Шамсӣ Қиёмов, Давлат Убайдуллоев, Шавкат Халилов, Арбобони ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, Абдуҳафиз Қодиров, ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Музаффар Хаёлов (рӯҳаш шод бод), Султон Усмонов, Барзу Абдураззоқов, ҳунарпеша ва режиссёри маъруф Нозим Меликов ва дигар ҳаммаслакони онҳо ҳамчун саррежиссёр ва режиссёр басаҳнагузории спектаклҳоро бар дӯш дошта, дар тарғиби театр ва тарбияи тамошобини он саҳми калон гузоштаанд. Барои тарғиби ғояҳои ватанпарастона ва фаъолияти хуби эҷодиаш театри номбурда ҳанӯз соли 1977 барандаи Мукофоти комсомоли ленинии РСС Тоҷикистон гардида буд. Соли 1980 бошад, барои поси хотири ҳунарманди маҳбуб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмуд Воҳидов театри ҷавонон номи ӯро гирифт.

Дар фаъолияти қариб нимасрааш Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов бо намоишҳои таҳиякардааш дар даҳҳо озмунҳои театрии дохил ва хориҷи кишвар ширкат намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, сазовори таҳсину офарини мутахассисони соҳа ва тамошобинони асил гардидааст.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки оид ба ҳусни қубҳи спектаклҳои Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмуд Воҳидов театршиносони намоёни хориҷӣ пас аз тамошои ҳунари ҳунарпешаҳои тоҷик дар шаҳрҳои Москва, ҶИЭ, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ғайра андешаҳои хешро дар матбуоти даврӣ ва асарҳои ҷудогонаашон баён доштаанд. Дар баробари ин, санъатшиносони варзидаи тоҷик, доктори илми санъатшиносӣ Низом Нурҷонов, докторҳои илми таърих Иброҳим Усмонов ва Аскаралӣ Раҷабов, номзадҳои илми санъатшиносӣ Аскар Абдураҳмонов, Ато Аҳроров, Баҳора Хуррамова, Ҳазрат Сабоҳӣ ва чандин тамошобин- дӯстдори асили театр низ тӯли солҳо тавассути матбуот, телевизион ва барномаҳои радиоӣ таассуроти хешро атрофи ҳунари санъаткорони ин даргоҳ баён намудаанд. Аз хусуси эҷодиёти ҳар кадом аз ин ҳунармандон китобу рисолаҳои ҷудогона низ таълиф гардидааст. Аз ҷумла, ба қарибӣ китоби номзади илми санъат-шиносӣ, театршинос ва мунаққиди шинохтаи театр Муҳаммадулло Табаров бо номи «Театри ҷавонони Тоҷикистон» нашр гардид. Он ба фаъолияти чилсолаи эҷодии Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмуд Воҳидов бахшида шудааст. Муҳаққиқ бурду бохти ҳунарии ин дастаи театриро ҳамвора бо равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии охири асри XX ва оғози асри XXI ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Асар барои муҳаққиқони соҳаи ҳунар, коргардонҳо, актёру рассомони театр, донишҷӯёни риштаҳои ҳунарӣ, рӯзноманигорон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Ҳотами ҲОМИД

Бознашр аз рӯзномаи «Баҳори Аҷам»