Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба рӯйхати 10 театри беҳтарини операи ИДМ ворид шудааст.
Тавре оҷонсии ТурСтат (http://turstat.com) иттилоъ медиҳад, натиҷаҳои таҳқиқот оид ба шӯҳрати театрҳо ва пешниҳоди намоишномаҳои бархат (онлайн) даҳгонаи беҳтарини театрҳои операро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муайян кардааст.
Дар радифи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба рӯйхати 10 театри беҳтарини опера инчунин Театри давлатии академии Калони Россия дар шаҳри Москва, Театри калони Беларус дар Минск, Театри давлатии академии опера ва балети Қазоқистон ба номи Абай дар шаҳри Алмато, Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” дар шаҳри Нур-Султон, Театри давлатии академии опера ва балети Озарбойҷон ба номи М.Ф. Ахундов дар шаҳри Боку,Теари академии опера ва балети ба номи А. Спендиаров дар Ереван, Театри давлатии академии Калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ дар Тошкент, Театри миллии опера ва балети Ҷумҳурии Молдова ба номи Мария Биешу, Театри миллии академии опера ва балети дорандаи медали В.И. Ленини Қирғизистон ба номи Абдилас Малдибаев ворид шудаанд.