Сомонаи пешина | Дш, 06 Апрел 2020 / 07:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Чоршанбе Аловатов Шоҳҷоизаи озмуни телевизионии Central Asia's Got Talent-ро ба даст овард

 

22 декабри соли 2019 дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон даври ниҳоии озмуни Central Asia's Got Talent (Истеъдодҳои Осиёи Марказӣ) баргузор гардид, ки иштирокчии Тоҷикистонӣ –Чоршанбе Аловатов шоҳҷоиза бо мукофоти пулии 10 миллион тангаи қазоқиро соҳиб шуд.

Чоршанбе Аловатови 21 сола ҳанӯз вақти иштирок дар мавсими аввали озмун диққати доварон ва тамошобинонро ба худ кашида, соҳиби тугмаи тиллоӣ гардида буд. Минбаъд дар ҳар давр Чоршанбе Аловатов бо иҷроиши нотакрор ва сабки хосаи худ ҳам доварон ва ҳам тамошобинонро ба ҳайрат гузошта, миқдори аз ҳама зиёди овозҳои сокинони Осиёи Марказиро, ки тариқи интернет овоздиҳӣ карданд, ба даст овард.

Сиёсати фарҳангпарварона ва ваҳдатофари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз фазои сулҳу суботро дар кишват фароҳам овардааст, ба истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд, ки ҳунару маҳорати худро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ намоиш дода, Тоҷикистони фарҳангпарварро ба таври арзанда муаррифӣ намоянд.

“Ин озмун ба ман имкон медиҳад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ санъати худро муаррифӣ кунам”- мегӯяд Чоршанбе Аловатов.
Чоршанбе Аловатов асосан ба иҷрои сурудҳои халқӣ майл дорад. Сурудани таронаи халқӣ бо сабки нисбатан замонавӣ сабки Чоршанберо беназир ва махсус гардонидааст, ки дар натиҷа дар байни 12 нафар иштирокчиёни даври ниҳоӣ ғолибият насибаш гардид.

Доварони озмун инчунин аз чор кишвари Осиёи Марказӣ як нафарӣ ғолибро интихоб намуданд. Аз ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пирӯзиро бо мукофоти пулии 3 миллион тангаи қазоқӣ Театр-студияи “Падида”, ки гурӯҳи рақсӣ аст, сазовор гардид.

Ҳунарпешаҳои “Падида” кӯшиш карданд, ки дар ҳар як ҳунарнамоии худ ғайр аз рақси тоҷикӣ инчунин дигар унсурҳои фарҳанги бои миллӣ, яъне либоси миллиро муаррифӣ намоянд. Гулҳои рангини чакан ва нақшу нигори назаррабои пероҳани аҳли гурӯҳи рақсӣ зимни рақсидан ба арғушти онҳо хусусияти миллӣ ва зебоиву шаҳомат мебахшид.

Боиси зикр аст, ки ин озмуни байналмилалӣ бори аввал дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардида, тамоми марҳилаҳои он тариқи шабакаи телевизионии “Сафина”, ки шарики иттилоотии лоиҳа аст, намоиш дода шуд.

Аксҳо аз сомонаи m.sputnik-tj.com