Сомонаи пешина | Ҷм, 02 Июн 2023 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нуҳ объекти таърихию фарҳангии дигар аз Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид

12.04.21.7Дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо кори тасодуфӣ ва соддае нест! 

Воқеан дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта ва эътироф шудани мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик кори саҳлу содда ва амри тасодуфӣ нест, ин дар воқеъ эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, соҳиби таърихи зиёда аз 5500 сола ва шаҳрсозу давлатдор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки то имрӯз бо дастуру супоришҳои роҳбариятии олии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоту идораҳои дахлдори соҳавӣ ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани мероси таърихию фарҳангӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидаанд.

Ишора кардан ба маврид аст, ки хатсайрҳои Шоҳроҳи бузурги таърихии "Абрешим" ки тавассути кишвари мо мегузарад дар долонҳои он объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмиллалӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла дар долони "Зарафшон-Қароқум" 9 (нуҳ) адад объектҳои таърихию фарҳангӣ аз қабили "Панҷакенти Қадима", "Шаҳраки Санҷаршоҳ", "Шаҳраки Ҳисорак", "Гардани Ҳисор", "Қалъаи Муғ", "Қум", "Тали Хамтуда", низоми обёрикунии "Токсанкорез" ва Мақбараи "Хоҷа Муҳаммади Башоро" мебошад. Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд. Ҳамpамон, аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида ба идораи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки аллакай парвандаҳои номинатсионии 9 (нуҳ) адад объекти таърихию фарҳангии долони "Зарафшон-Қароқум" аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комило арзёбӣ шуда, ин объектҳо расман ба Феҳристии пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои мукаммалгардонии номинатсияҳои мазкур аз ҷониби мутахассисону кормандони соҳа мунтазам ҷараён дорад. Инчунин корҳои тармиму барқарорнамоӣ ва ба талаботҳои ЮНЕСКО ҷавобгӯ намудани объектҳои таърихию фарҳангӣ вазорату идораҳои ваколатдор тибқи барномаҳои давлатӣ ва дигар супоришҳои дахлдор, барои ба Феҳристии асосӣ шомил намудани ин ёдгориҳо корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.

Умедворем, ки дар ояндаи наздик арзишҳои таърихию фарҳангии мо дар сатҳи ҷаҳонӣ беҳтар муаррифӣ мегарданду бештар эътироф мешаванд!

Ба умеди ҳифзу муаррифии арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ!

Мирзошариф Абдусаломов - Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО