Ҳар қадар бобати терроризм ва экстремизм сухан гӯем, боз ҳам наметавонем тамоми паҳлӯҳои онро ба пуррагӣ инъикос намоем. Зеро терроризм ин ҳамагӣ хатар овардан аст. Окибати хатар, албатта, вайрониву нестӣ мебошад. Мутаассифона, хатарҳои террористӣ солҳои охир дар аксар гӯшаву канори олам сар мезанад. Пӯшида нест, ки фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба масъалаи доғи рӯз таб¬дил ёфтааст. Мақсади чунин ҳаракатҳои номатлуб амни¬яти кишварҳои оламро халалдор кардан аст.
Тавре иттилоъ дорем, экстремизм хислати чудоихохӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Терроризм падидаи номатлуби замони муосир мебошад. Мақсади асосии онҳо қатлу куштор ва багаравгирии мардум, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он мебошад.
Террористон барои ба мақсадҳои ғаразноки худ расидан нахуст тавассути ҷавонон, ки ҳанӯз дар зиндагӣ таҷрибаи кофӣ надоранд, ҳадафҳои нопокашонро амалӣ месозанд. Душманони кулли башар тавонистанд, ки ин қишри ҷомеаро аз дилхоҳ манотиқи дунё ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намоянд. Албатта, бо роҳи макру фиреб гурӯҳҳои ҷиноятпешаву иғвоангез тавонистанд, ки ҳазорон ҷавонро ба сӯи худ ҷалб сохта, онҳоро қурбони амалҳои нопоки худ гардонанд. Хушбахтона, тайи солҳои охир ҷавонон кам фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд. Имрӯзхо Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш мекунад, то ин ки пеши роҳи фаъолиятҳои ифротӣ гирифта шавад.
Душманони миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Яъне, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои телевизониву радиоӣ ба мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро, ки баҳри таъмин намудани сулху субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интиқом қарор медиҳанд. Ба ин васила, таблиғот бурда, ҷавононро мехоҳанд фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.
Солҳои қаблӣ волидон фарзандони хешро барои аз худ намудани дониши динӣ ба мамлакатҳои хориҷ мефиристоданд. Волидон мехостанд, ки ҷигарбандони онҳо савод андӯхта, бо дониши азхудкардаашон ба Ватан баргашта, пайи хизмати мардум қарор гиранд. Аммо ин ҳама хаёли хом баромад ва самараи хуб ба бор наовард. Ҳатто иддае аз ин гуна нафарони «донишҷӯ» шомили гурӯҳҳои террористӣ шуда, даст ба ҷиноят заданд. Имрӯз танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи донишу малака ва фаҳмишу дарки ҳақиқӣ метавон ҷавононро аз шомил шудан ба гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ нигоҳ дошт. Вақте инсон донишу фаҳмиши мукаммал дошта бошад, бовар дорем, ки онҳоро ягон ҳизбу ҳаракати террористӣ наметавонад ба худ ҷалб намоянд. Яъне танҳо маърифат метавонад инсонро аз вартаи разилӣ эмин нигаҳ дорад.
Гуфтан бамаврид аст, ки баъзе аз ҷавонон ифротиву хурофотпараст низ шудаанд. Охир, он ҷиноятпешагонро чӣ парвои фарзандони мо бошад? Албатта, барои чунин ҷавонони фирефтаи макри террористонгашта дили ягон аҷнабӣ намесӯзад, аз ин рӯ, нисбати онҳо ҳеҷ тараҳуме намекунанд. Агар ин ҷавонон муҳассили донишгоҳҳои Ватани худ мебуданд, шояд бо чунин гурӯҳҳо намепайвастанд? Ё шояд ягон насиҳати падару модар таъсир мерасонду онҳоро аз чунин аъмоли ношоиста бозмедошт?
Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, онҳоро барои амалӣ намудани мақсадҳои иғвогаронаи худ истифода мебаранд. Террористон ба ҷомеа бо ҳар роҳ зиён мерасонанд. Кам нестанд ҷавонони ба чунин гурӯҳҳо пайвастаи халқи тоҷик. Ҳатто баъзеҳояшон то андозае гумроҳ шуда буданд, ки зану фарзандони хешро низ бо худ ба хориҷ бурданд. Ин гуна ҷавонон, албатта, аз кирдори хеш пушаймон ҳам шудаанд. Аммо зану фарзандони онҳо чӣ гуноҳ доштанд, ки азобу машаққати зиёд кашидаву ҳатто ҷонашонро аз даст доданд. Ногуфта намонад, ки маҳз таҳти ғамхориҳои Роҳбари давлат фарзандони ноболиғи тоҷикро, ки дар давлатҳои Сурияву Ироқ аз волидони худ маҳрум монда буданд, дубора ба Тоҷикистон оварданд.
Дар замони муосир сафи гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат мансуб нест. Аз ин рӯ, хатари терроризм ва ифротгароӣ пайваста ва дар ҳама гӯшаву канори дунё метавонад падид ояд. Террористону экстремистон, пеш аз ҳама, ба ҳамватанони худ зарар мерасонанд. Таърих гувоҳ аст, ки ифротгароён хоини миллат ва ватанфурӯшу ғуломони зархариди хоҷагони хеш мебошанд.
Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, кӯшиш мекунад, ки аз оқибати амалҳои онҳо худро эмин нигаҳ дорад. Аз ин ҷост, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд санад, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)" (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои мубориза бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Хушбахтона, имрӯзҳо мо - мардуми Тоҷикистон дар фазои осоишта умр ба сар мебарем ва шукронаи ин неъмати бебаҳоро бояд ба ҷо орем. Яъне на танҳо дар гуфтор, балки дар пиндору кирдор низ бояд шукргузор аз Ватану давлатдории худ дошта бошем. Пӯшида нест, ки ҳадафи асосии террористону экстремистон ин, қабл аз ҳама, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ба вуҷуд овардани ҳисси бадбинӣ, зиддият ва бесарусомонӣ миёни мардум, ноором ва ноамн сохтани кишвар мебошад. Аз ин хотир, терроризм барои инсоният падидаи хатарнок ба ҳисоб меравад. Воқеаҳои тайи солҳои охир дар давлатҳои Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва як қатор давлатҳои дигар рухдода тамоми башариятро ба ташвиш овардааст. Албатта, ин ҳама бесарусомониҳо боз ҳам аз амалҳои нопоки террористон маншаъ мегиранд. Дар натиҷаи ба миён омадани нобаробариҳои сиёсӣ - иҷтимоӣ ва зиддияти мазҳабӣ фазои кишварҳо номуташанниҷ ва мардуми бегуноҳ қурбон мегарданд.
Тариқи расонаҳои интернетӣ қариб ҳар рӯз аз чунин ҳаводиси маргбор матлаберо дастрас кардан мумкин аст, ки ростӣ, чанд рӯзи дигар андешаи худро аз он дур кардан ғайриимкон мебошад. Дар давлати исломии Афғонистон қариб ҳар рӯз чунин амалҳои террористӣ ба вуқуъ мепайвандад ва он, албатта, ҳар яки моро нигарон мекунад. Тавре воқиф мегардем, амалҳои нангину разилонаи террористӣ сол аз сол боз ҳам бераҳмона ва даҳшатнок мегарданд.
Мардуми афғон аз фазои ноороми кишвари худ рӯ ба гурез ниҳода, тарки ватани хеш мекунанд. Боре шоҳиди гуфтори зани афғон шудам, ки мегуфт: «Мо тавлид мешавем, азоб мекашем ва ноором рӯз мегузаронем. Ҳар яки мо инро қабул дорем, ки имрӯз ё фардо ҳатман шаҳид мешавем». Ростӣ, аз суханони ин зан ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ бардоштан мумкин аст. Зеро харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист ва таҳаммули ин ҳама хеле мушкил ва басо сангин аст.
Бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифоя боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Моро зарур аст, ки чун гузаштагони хеш насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ободкорӣ, садоқату вафодорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбият намоем. Аҳли ҷомеа бояд ба муқобили чунин падидаҳои номатлуб муборизаи дастаҷамъӣ барад.
Ба қадри неъматҳои кишвари хеш бояд расид. Муқаддасоти давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз асту ҳам фарз. Рисолати инсонии мо имрӯзҳо маҳз ҳаминро тақозо дорад, ки бояд ифтихор аз давлату миллати хеш дошта бошем.
Тоҷинисои Зайниддин
«Тоҷикистон»