Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 08:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Терроризм ва экстримизм – зуҳуроти номатлуб

 

Дар ҷилди аввали фарҳанги миллат омадааст: экстримист – ифрот, дорои ақидаи ифротӣ, он, ки дар корҳо зиёдаравӣ мекунад. Террор – тарс, даҳшат, терроризм – эҷоди тарс ва ваҳшат дар баробари мардум.

Мақсади ин зуҳуроти хатарнок ва нангин – ифротгароии динӣ, ки ҳанўз солҳои 70-80-уми қарни ХХ дар ҷаҳони муосир доман паҳн кард, бо роҳи зўрӣ тағйир додани сохти давлатдории конститутсионӣ ва ғасби ҳокимият мебошад. Ҳанўз аз оғози ҳазораи дуввум ифротгароӣ, терроризму экстремизм амалан асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон ва ба амнияти тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Чӣ хеле ки Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз 20-уми январи соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Таҳлили вазъи ҷаҳони имрўза нишон медиҳад, ки бадбахтона барои амалинамоии барномаи сиёсии созмону ҳаракатҳои ифротгаро амсоли «Ал-қойида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҷундуллоҳ», «Аннусра», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизби «Нур»-и салафия», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ўзбекистон»), «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансурулло», собиқ «Ҳизби наҳзати ислом»-и Тоҷикистонро доираҳову фондҳо ва ташкилотҳои тундгарои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатҷўву ҷудоиандоз маблағгузорӣ менамоянд.

Ақидаҳои назархоҳонаи ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ бо вуҷуди он ки худро дар асоси шариати исломӣ ташкилёфта меҳисобанд, зидди ислом равона гардида, тавассути зархаридони аврупоӣ бо роҳи таъсиси хилофати ягона бенизомӣ ворид кардан байни мусулмонҳо мебошад. Яке аз ташкилотҳои ифродгаро, ки усули фаъолияташ аз амалҳои террористӣ иборат аст, ДИИШ рақибони худро бо бадтарин шеваҳои ҷангӣ нест мекунад. Аъзои он таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ, ки ба дини мубини ислом иртибот надорад, баромад карда, алалхусус ҷавононро, ки қалбҳояшон орӣ аз ҳама гуна кинаву ғараз аст, ба идеологияи ифродгароёна ҷалб месозанд. Аммо кўдакон, пиронсолон, занони ҳомила, маъюбон-онҳоеро, ки дар амалисозии барномаҳояшон «халал» мерасонанд, қатли ом менамоянд.

Дуруст гуфтаанд, ки дар ҷойе садои тир ҳаст, садои ақл шунида намешавад.

Террорист қатлу ғорат мекунад, экстремист ифротгаро ва иғвоангез аст!

Ифротгароӣ ва иғвоангезӣ дар тамоми давру замон хамчун падидаи ногувор ва номатлуб шинохта шуда, ҷомеаро ба оқибатҳои нохуш гирифтор месозад. Дар сиёсатшиносии муосир ин падидаро бештар ба терроризму экстремизм нисбат медиҳанд. Дар хақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншооти маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале, ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Барҳақ ифроту ифротгароӣ дар ҳар шакле, ки бошад, зуҳуроти номатлуб аст ва барои кишвари азизи мо, ки ҷузъи баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, низ масъалаи доғи рўз маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик, ки ҳанўз аз солҳои 90-уми қарни гузашта чӣ будани экстремизму терроризмро фаҳмидааст, набояд бори дигар гумошта шуда сўйи ҷаҳолату нодонӣ равад. Барои амалисозии нақшаҳои харобкоронаи хоинони миллату давлат набояд имкон диҳем.

Дар тўли 29 сол мардуми тоҷик хубро аз бад фарқ карданд, акнун ҳеҷ гуруҳе ё равияе наметавонад, ки мардумро ба парешонӣ водор кунад. Имрўзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайъу кушиши беандоза карда, баҳри ободии ватану миллати тоҷик тамоми кушишро ба харҷ дода истодааст.

Ҳар як фарди солимфикри тоҷикистонӣ бахусус волидайн, тарбиятгарону омўзгоронро зарур аст, аз рўйи ҳидоятҳои Сарвари давлат амал намуда, фарзандонро бо одобу ахлоқи ҳамида ба воя расонида, дар руҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва илмомўзӣ тарбия карда, ба амалҳои созандагию ободкорона раҳнамун созем.

Ҳайдарзода Саодат Ҳайдар