Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Феврал 2020 / 01:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Густариши ҳамкориҳои муштараки хадамотҳои амниятии Тоҷикистону Афғонистон

Таъмини амнияти давлату миллат самти асосӣ ва муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, дар ин замина, дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, хоса дар Ҷумҳурии ба мо ҳамсоя Афғонистон ба муқобили ҳама гуна таҳдидҳои замони ҳозира аз ҷумла, терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, таҷҷоҳуми идеологияи таҳрибкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид зарурати муттаҳид сохтани қувваҳои ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ҳама гуна равиши номатлуб экстремизм, ҳамзамон масъалаи таъмини сулҳу суботи Афғонистонро баён намудаанд.

Дар байни омилҳое, ки мақоми махсуси Точикистони соҳибистиқлолро таъмин менамояд, метавон мавқеи муҳими стратегии ҷуғрофии сарҳадӣ бо Афғонистонро номбар намуд.

Зимнан, сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ бо ҳайати баландпояи хадамоти амниятӣ ба Тоҷикистон, ки рўзҳои 14-15 январи соли 2020 доир гардид, маҳз ба масъалаҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ ва мубориза бо терроризми байналмилаллӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида буд.

Хамкориҳои дуҷониба имрўз натиҷаҳои самаранок дода, дар ин замина, Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар асоси мубодилаи пайвастаи маълумоти оперативӣ ва ҳамкорӣ бо хадамоти амниятии Тоҷикистон баҳри мубориза бурдан бо гуруҳҳои террористие, ки ҷиҳати анҷом додани амали террористӣ дар Точикистон омодагӣ медиданд, онҳоро муайян намуда, чандин ҷинояткорону террористонро, ки дар ҷустуҷўи байналмилалӣ қарор доштанд, ба ҷониби Тоҷикистон таслим кард.

Бояд тазаккур дод, ки ҳарчанд имрўз кишвари Афғонистон бо дахолати қувваҳои беруна ба майдони рақобатҳои кишварҳои абарқудрат табдил ёфтааст, дар масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ пешсаф буда,дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро дар иртибот ба хатарҳои геополитиқи ва дигар таҳдидҳои воқеӣ ба роҳ мондааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон умедвор аст, ки ҳар чӣ зудтар дар давлати ба мо ҳамсояи Афғонистон сулҳу субот пойдор мегардад.