Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ёдгории анъанавии меъмориро бояд ҳифз намоем

04.05.21.5Табиати Бадахшонзамин мардуми хориҷро мафтун месозад, вале барои мо зодагони ин макон омили ин мафтунӣ ноаён аст. Шояд муҳите, ки мо дар бараш ба воя расидаем, бароямон муқаррарӣ бошад, вале агар амиқтар андеша кунем, ин эҳсосот дар мо низ ниҳон аст, танҳо омили онро баён карда наметавонем, зеро он баённопазир аст. Шояд он дар ҳашамату азамати кӯҳҳои сарбафалак, сафедии барфи қуллаҳо, киштзори аз насим алвонҷ мехӯрда, дарраҳои асрорангези афсонавӣ ё моҳи пурраи аз паси кӯҳҳо пайдошуда бошад. Ё он макони таърихӣ, қалъаҳои пурасрору номакшуф ё ғорҳои сеҳрангез, ки замоне мардумро аз ноҷӯриҳои давр паноҳ медоданд ва гӯё имрӯз ҳам аз баландиҳо ҳаётро аз қарнҳо назора мекунанд, боиси ин эҳсосот бошанд.

Меҳмонони мо - ҳамсарон Ярослава ва Ян Обртел аз мамалакти Чехия дар деҳаи хушманзари Вранг иқомат ихтиёр намуданд. Муддати якуним сол аст, ки Ярослава Обртелова ба омӯзиши яке аз забонҳои нодири Бадахшон, забони вахонӣ сару кор дорад. Дар ин ҷода Ярослава (Амина) идомадиҳандаи кори забоншиносони машҳур мисли Пахалина Т.Н., И.М.Стеблин, Каменский, Грюнберг, Соколова ва дигарон мебошад. Бо мақсади шиносоии амиқтару бештар бо забону фарҳанг ва урфу одати мардуми Вахон маротибаи сеюм аст, ки Ярослава ба Бадахшон омада буд.

Дар тӯли 10 рӯзи сафар бо чеҳраҳои зиёди диёр вохӯрда, ривоятҳо, ҳикояҳо, гуфторҳои зиёд сабт гардиданд, ки гӯёи паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти мардуманд. Таърихҳо, тақдирҳо, шахсиятҳои наҷиб пешорӯи мо қарор мегирифтанд.

Ҳангоми сӯҳбат бо яке аз сокинони деҳа – Мамадёрбек Исмоилбеков теъдод ва номи долонҳои номбарнамудаи ӯ моро ба тааҷҷуб овард. Одатан, хонаҳои бадахшонӣ, аз ҷумла, мардуми Вахон дорои 5(ҳоло се) долонанд, вале хонаи зикрнамудаи ӯ ҳафт долон дошт. Хона, дар ҳақиқат ҳам, то ба наздикӣ аз ҳафт долон иборат будааст. Хушбахтона, он унсурҳое, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгори мардуми Бадахшонанд, дар дохили хона ба таври бояду шояд нигоҳ дошта шудаанд. Дар бинои хона аз масолеҳи мавҷудаи маҳаллӣ истифода шудааст. Масалан, даромадгоҳи он бо тахтасангҳо мумфарш шуда, зинапояҳояш сангӣ буда, дари хона ва кулфи он беистифодаи оҳан сохта шудаанд. Бар замми ин, хона хеле қадимӣ буда, воқеаҳои зиёде дар он рух додаанд, ки ҳатто нишонаҳо аз баъзе рӯйдодҳо то кунун маҳфузанд. На танҳо хона, балки даромадгоҳ, ҳавлие, ки хона дар он ҷойгир аст ва дигар биноҳои ҳамшафат низ ба таври комил ҳифз шудаанд. Албатта истифодаи сангу чӯб кашфиёти бузурге нест, аммо ин нишонаҳо дар меъмории хонаҳои бадахшонӣ гӯёи ҳаёти аҷдодони моянд.

04.05.21.4Тибқи маълумоти насли калонсоли деҳа (амаки Муродшо), то солҳои ҳаштодум якчанд хонаи дигар ҳам ба тарзи меъмории мазкур мавҷуд будааст. Бо тақозои замон, ин хонаҳо аз нав сохта шуда, аз ҷумла, бо якҷоя кардани долонҳо миқдори онҳо кам ва масоҳати хона калонтар гаштааст. Чунин хонаҳо дар дигар мавзеъҳои Вахон низ будаанд, ки сохтори онҳо низ тағъир дода шудааст. Ин гунна хонаҳо, то ҷое, ки мо маълумот дорем, аз байн рафтаанд.

Маълум аст, ки сохти меъморӣ ва унсурҳои дохилии хонаҳои бадахшонӣ, аз ҷумла, мардуми Вахон инъикосгари анъанот ва урфу одати мардуманд. Бо аз байн рафтани сохти анъанавии меъмории хонаҳо, он русумоти мардуми Бадахшон, ки бештараш бо мероси давраи то исломӣ иртибот доранд, тадриҷан аз байн мераванд. Масалан, сокинони мавзеи “Помир”-и ноҳияи Ҷомӣ ҳарчанд забон ва баъзе урфу одатҳоро нигоҳ доштаанд, аммо бо набудани хонаи анъанавии бадахшонӣ, риояи баъзе расму таомул дар ин ҷо имконнопазир аст. Вахониёни ин мавзеъ, сарфи назар аз нофарҷомиҳои ба сарашон омада, мисли муҳоҷирати онҳо ба ноҳияи Роштқалъа дар охири солҳои 30 ва аввалҳои соли 40-ум, муҳоҷирати иҷборӣ ва гармии тоқатнофарсои солҳои аввали маскунияташон дар мавзеи мазкур ва билохира, сарсониву саргардониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, тавонистанд рӯзгор, забон ва дигар анъанотро ба таври комил ҳифз намоянд.

Хонаҳои имрӯзаи мардуми мо бештар васеъ, равшан ва бо услуби муосиру шароити беҳтар барои зист сохта шудаанд, ки раванди хуби замонавист.

Имрӯз дар Вахон ба ҳайси намуна, хонаҳои анъанавии бадахшонӣ сохта шудаанд, ки мавриди тамошои меҳмонони гуногуни дуру наздик қарор мегиранд. Бахусус, осорхонаи Суфӣ Муборакқадами Вахонӣ тозаю озода буда, намунаҳои мероси гирдоварда бо низоми муайян гузошта шуда, дар бораи ҳаёти мардум маълумоти зиёдеро баррасӣ менамоянд. Чунин хонаҳо хеле зебо ва замонавӣ сохта шуда, аммо тибқи мушоҳидаи мо, аз унсурҳои зиёди хонаҳои бадахшонӣ орианд.

Хонаи мавриди назари мо (дар деҳаи Вранг) охирин хонаест, ки соҳибонашон онро ҳифз намудаанд, ки осорхонаи мукаммал бо тамоми ҷузъиёташ аст. Вале бинои мазкур ҳоло ба таъмири пурра ва мақоми расмии осорхона ниёз дорад. Чунин пешниҳод ба мақомоти расмии ноҳияи Ишкошим низ расонида шуд, ки хушбахтона дастгирӣ ёфт. Хонаи мазкур на танҳо барои наврасон, балки барои насли калонсол низ метавонад ҳамчун манбаи таърихӣ хизмат кунад то беҳтарин анъанаҳои меъмории роиҷ дар Бадахшон ба гӯшаи фаромӯшӣ нараванд. Имрӯз дар тамоми дунё, мардум дар баробари ҳалли дигар масоили муҳимми иҷтимоӣ, инчунин ба ҷустуҷӯ ва эҳёи майдатарин ҷузъиёти мероси фарҳангию маданӣ рӯ овардаанд, зеро донистани таърих ва ҳифзи ёдгориҳои он барои баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, милливу ватанпарастӣ мусоидат менамояд.

Райҳони Соҳибназар