Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сухан аз ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассиса, ташкилоти ибтидоии ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шуд. Ин шаҳодати он аст, ки китобхона баҳри ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мамлакати азизамон пайваста чораҳои зарурӣ меандешанд.

Вобаста ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар Паёми имсолаи хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд: «Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд. Масалан, танҳо таърихи 5500 – солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем. Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд».

Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати кӯҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Саҳми миллати тоҷик дар як маврид бо арзишҳои таърихию фарҳангии хеш, инчунин бо фарзандони шоистаи худ дар сатҳи ҷаҳонӣ назаррас мебошад. Миллати тоҷик ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои башарӣ мебошад. Ёдгориҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ин миллати қадим пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд. Тарғибу ташвиқи сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик аз ҷониби Вазорати фарҳанг тавассути ҳамкориҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз соли 1992 новобаста ба вазъи ноороми дохилӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда ба аъзогии созмони мероси фарҳанги ҷаҳонӣ - ЮНЕСКО шомил гардида буд.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон вобаста ба эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дошта, дар баробари ин Китобхона ҳамчун макони ҳифозаткунандаи осори пурғановати гузаштаву имруза баҳисоб меравад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо боси ифтихор буда, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки дар ҳифозати онҳо камари ҳиммат банданд.

Қайд кадан ба маврид аст, ки ташкилоти мазкур дорои маҷаллаи «Мероси ниёгон» ва дигар маводи таблиғотӣ мебошад, ки саҳифаҳояш фарогири таъриху тамаддуни ниёгонамон буда, ба тамоми вазорату идораҳо ройгон хизмат мерасонад ва вазифаи конститутсионии ҳар як сокини Тоҷикистон аз ҳифзи табиат ва арзишҳои таърихӣ-фархангӣ ва дарки эҳсоси масъулиятшиносӣ дар ин росто таъкид менамояд. Чунки вазифаи ҳар як сокини кишвар ин нигоҳ доштан ва ба ояндагон расонидани меъроси пурғановатамон мебошад.

Яке аз воситаҳои дигари ҳифозати осори гузаштаи ниёгон ин таъсиси мамнуъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Бо назардошти ҳифзу нигоҳдошт ва тарғиби таъриху фарҳанги миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва худшиносии миллӣ, рӯ овардан ба таъриху фарҳанги ниёгони хеш, тармиму эҳё намудани осори фарҳанги гузашта ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ тармиму барқарорсозӣ ва эҳё гардидаанд.

Саидзода Исмоил,
роҳбари Ташкилоти ибтидоии
«Маърифати Китобдор» дар
Китобхонаи миллии Тоҷикистон