Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба «Рӯзи китоб»-4 сентябр, инчунин эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои солҳои 2017-2018 баргузор менамояд.
Ба озмун китобдорон, китобхонаҳои шахсӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо даъват карда мешаванд.
Мақсади асосии озмун баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеаи муосир, рушди соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва кормандони он мебошад.
Озмун аз рӯи се номинатсия, «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» гузаронида шуда, натиҷаи он дар «Рӯзи китоб», 4 сентябр дар шаҳри Душанбе дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ эълон карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳо аз санаи 25 январи соли 2018 то 31 июли соли 2018 аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун қабул карда мешаванд.
Иштирокчиёни озмун метавонанд ҳуҷҷатҳои худро бо нишондоди ному насаб, вазифа доир ба номинатсияи озмун то санаи 31.07.2018 тариқи факс 2222138, 2222133, почтаи электронии
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
, ё ин ки бо нишонии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ 734042, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14а бинои 2, ирсол намоянд.
Телефонҳо барои тамос: 917232816, 919795424, 900156070
НИЗОМНОМА
оид ба гузаронидани озмуни умумиҷумҳуриявии «КИТОБДОР, КИТОБХОНА ВА КИТОБХОНАИ ШАХСИИ СОЛ»
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи китоб» - 4 сентябр
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Низомнома оид ба гузаронидани озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи иттилоотонӣ», қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993, №242 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-МД ММПИ) ва Низомномаи Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ таҳия карда шудааст.
2. Низомномаи мазкур тартиби ташкил ва гузаронидани озмуни «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бахшида ба Рӯзи китоб - 4 сентябр, муайян менамояд.
3. Озмун дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.
2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
4. Истилоҳоте, ки дар Низомномаи мазкур истифода шудаанд:
- озмун - озмуни умумиҷумҳуриявӣ оид ба муайян намудани «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- ташкилкунандаи озмун - Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрокунанда - Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- довталаби озмун - китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии ҷумҳурӣ, ки маълумотҳои заруриро ба баррасии Ҳайати ҳакамони озмун пешниҳод кардааст;
- дархост - маҷмӯи маълумотҳои лозимӣ барои иштирок дар озмун;
- кумитаи тадорукот - мақоме, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва дигар нафарон тибқи Фармони ташкилкунандаи озмун барои гузаронидани озмун таъсис дода мешавад;
- ҳайати ҳакамони озмун - мақоме, ки аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Кумитаи тадорукоти озмун барои муайян намудани ғолибони озмун таъсис дода мешавад;
- сарпараст - шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар баргузории озмун зиёда аз 50 (панҷоҳ)% хароҷотҳоро ба зиммаи худ мегирад;
- шарикони озмун - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар баргузории озмун ба иҷрокунандаи Озмун кӯмаки ҳамаҷонибаи худро дар корҳои ташкилӣ мерасонад;
- диплом - ҳуҷҷатест, ки ба ғолибони Озмун барои ба даст овардани ҷоизаи «Гран-при», ҷойи аввал (дипломи дараҷаи якум), ҷойи дуюм (дипломи дараҷаи дуюм) ва ҷойи сеюм (дипломи дараҷаи сеюм) тақдим карда мешавад;
- ифтихорнома - ҳуҷҷатест, ки ба иштирокчиёни озмун, ки дар он ҷойҳои мукофотиро ишғол накардаанд, супорида мешавад.
- номинатсия - шакли муайян намудани ҷоиза ба китобхонаҳо ва китобдорон;
3. МАҚСАДҲОИ ОЗМУН
5. Мақсади озмун аз зербандҳои зерин иборат мебошад:
- ташвиқ ва тарғиби соҳа, оид ба баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кори китобхона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он;
- ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо;
- ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар.
4. КУМИТАИ ТАДОРУКОТ
6. Кумитаи тадорукот мақоме мебошад, ки аз тарафи Директори МД ММПИ дар асоси Фармон таъсис дода шуда, вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- қабули маълумотҳои зарурӣ вобаста ба иштирок дар озмун ва назорат аз болои дурустии он;
- доир ба гузаронидани озмун паҳн намудани иттилоот дар воситаҳои ахбори омма;
- огоҳ намудани довталабон оид ба роҳхат наёфтанашон ба озмун тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи банди 14 Низомномаи мазкур;
- пешниҳод намудани рӯйхати Ҳайати ҳакамони озмун барои тасдиқ ба Директори МД ММПИ.
5. ҲАКАМОНИ ОЗМУН
7. Барои гузаронидани озмун ва ҷамъбасти натиҷаҳо, Ҳайати ҳакамони озмун таъсис дода мешавад. Ҳайати ҳакамон ва Раиси он бо пешниҳоди Кумитаи тадорукот дар асоси фармони Директори МД ММПИ таъсис дода мешавад:
- Ҳайати ҳакамони озмун бе назардошти котиб аз шумораи тоқ иборат аст;
- Ҳайати ҳакамони озмун аз намояндагони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ ва ғайра иборат мебошанд.
8. Ҳакамони озмун барои баҳодиҳии маълумотҳои пешниҳодшуда ва муайян намудани ғолибон метавонанд бо фаъолияти иштирокчиёни озмун дар китобхонаҳо шинос шаванд ва дигар маълумотҳоро талаб намояд:
- ғолибони озмунро муайян мекунанд;
- котиби Ҳакамони озмун оид ба натиҷаҳои озмун протокол тартиб дода, онро ба ҳайати Ҳакамон ва Раиси он барои имзо пешниҳод менамояд.
9. Ҳайати ҳакамони озмун фаъолияти худро дар доираи Низомномаи мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот қабул карда мешавад ба роҳ мемонад.
10. Маҷлиси Ҳакамони озмун дар ҳамон вақт салоҳиятдор шуморида мешавад, агар дар он на камтар аз 3/2 ҳиссаи ҳайати Ҳакамон иштирок намоянд, ё ин ки дар вақти овоздиҳӣ 3/2 ҳайати ҳакамон бетараф набошанд.
11. Қарори Ҳакамони озмун аз рӯи бартарияти овози аъзои он қабул карда мешавад. Дар сурати баробар шудани овозҳо, овози Раис ҳалкунанда мебошад.
6. ТАЛАБОТҲОИ АСОСӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
12. Талаботи асосӣ нисбат ба довталабон:
- китобдорон, китобхонаҳо ва китобхонаҳои шахсие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд ва ба фаъолияти китобдорӣ машғуланд, ҷиҳати иштирок дар Озмун маълумотҳои дар Замимаи Низомномаи мазкур овардашударо бояд ба Кумитаи тадорукот то санае, ки аз ҷониби ин Кумита муайян гаштааст, пешниҳод намоянд;
- Кумитаи тадорукот ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо барои иштирок дар Озмун, рӯзи қабули онҳо рақамгузорӣ менамояд ва пас аз муайян гардидани ҳайати Ҳакамони озмун, ҳуҷҷатҳоро барои баррасӣ ба Ҳакамон пешниҳод менамояд;
- дар ҳолати пешниҳод накардани маълумотҳои дар Замимаи Низомномаи мазкур овардашуда, иштирокчиён аз Озмун хориҷ карда мешавад.
13. Маълумотҳои ба Кумитаи тадорукот барои иштирок дар озмун пешниҳодгардида баргардонида намешаванд.
7. ШАРТҲОИ РОҲХАТ НАЁФТАН БА ОЗМУН
14. Довталаб дар ҳолатҳои зерин метавонад, барои иштирок дар озмун роҳ дода нашавад, агар дар муҳлатҳои барои қабули маълумотҳо муқарраргардида на ҳамаи маълумотҳои дар Замимаи Низомномаи мазкур номбаршуда, пешниҳод шуда бошанд ва ё дигар шартҳои озмунро риоя накарда бошад.
15. Довталаби озмун ҳуқуқ дорад, ки ҳуҷҷатҳои худро дар давраи озмун бозхонд намояд ва ба таври хаттӣ Кумитаи тадорукотро хабардор намояд.
8. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН ВА БАҲОДИҲИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН
16. Ҳамаи маълумотҳои пешниҳодшуда вобаста ба иштирок дар озмун, барои интихоби ғолибони озмун, аз ҷониби ҳайати Ҳакамон баррасӣ мешаванд.
17. Ҳайати Ҳакамон маълумотҳоро, ки тибқи Замимаи Низомномаи мазкур аз ҷониби довталабон пешниҳод гардидааст, баррасӣ менамоянд.
Ҳар яке аз аъзоёни ҳакамон аз рӯи маълумотҳои пешниҳодгардида ба довталабон баҳои дахлдорро мегузоранд.
Баҳоҳо аз «1» то «10» аз ҷониби Ҳакамон ба иштирокчиён гузошта мешавад.
18. Аз рӯи натиҷаи баҳои гузошташудаи Ҳакамони озмун ғолибон муайян карда мешаванд. Баҳогузорӣ пас аз анҷоми қабули маълумотҳо ва пешниҳоди онҳо барои баррасӣ ба ҳакамон, дар давоми 10 (даҳ) рӯзи корӣ гузаронида мешавад.
19. Баҳои умумӣ аз рӯи натиҷаҳои ду давр тариқи «1:2» муайян карда мешавад.
20. Аз рӯи натиҷаҳои озмун бо қарори ҳайати Ҳакамон, довталабони озмун метавонанд дорандаи ҷоизаи «Гран-при», дорандаи «Дипломи дараҷаи 1» (барои ишғоли ҷойи якум), дорандаи «Дипломи дараҷаи 2» (барои ишғоли ҷойи дуюм), дорандаи «Дипломи дараҷаи 3» (барои ишғоли ҷойи сеюм), ё ин ки дорандаи «Ифтихорнома» - и иштирокчии озмун гарданд.
21. Агар дар номинатсия як довталаб бошад, пас дар номинатсия мазкур ғолиб муайян карда намешавад, довталаби номинатсияи мазкур метавонад аз рӯи натиҷаи ду давр, бо қарори Ҳакамон дорандаи ҷоизаи «Гран-при», дорандаи «Дипломи дараҷаи 1», дорандаи «Дипломи дараҷаи 2», «Дорандаи дипломи дараҷаи 3», ё ин ки дорандаи «Ифтихорнома»-и иштирокчии озмун гардад.
22. Агар дар як номинатсия якчанд довталаб бо қарори ҳакамон якхел баҳо гиранд, онҳо метавонанд дорандаи ҷойҳои якхела шаванд.
23. Агар аз рӯи натиҷаи баҳогузорӣ, довталаб дар номинатсияи дахлдор баҳои аз 90 (навад) болоро гирад, ӯ ҷоизадори «Гран-при»-и озмун дар номинатсияи дахлдор мегардад.
24. Агар аз рӯи натиҷаи баҳогузорӣ, довталаб дар номинатсияи дахлдор баҳои аз 75 (ҳафтоду панҷ) то 90 (навад)-ро гирад, ӯ ҷоизадори «Дипломи дараҷаи 1»-и озмун дар номинатсияи дахлдор мегардад.
25. Агар аз рӯи натиҷаи баҳогузорӣ, довталаб дар номинатсияи дахлдор баҳои аз 65 (шасту панҷ) то 75 (ҳафтоду панҷ)-ро гирад, ӯ ҷоизадори «Дипломи дараҷаи 2» - и озмун дар номинатсияи дахлдор мегардад.
26. Агар аз рӯи натиҷаи баҳогузорӣ, довталаб дар номинатсияи дахлдор баҳои аз 55 (панҷоҳу панҷ) то 65 (шасту панҷ)-ро гирад, ӯ ҷоизадори «Дипломи дараҷаи 3» - и озмун дар номинатсияи дахлдор мегардад.
27. Агар аз рӯи натиҷаи баҳогузорӣ, довталаб дар номинатсияи дахлдор баҳои то 55 (панҷоҳу панҷ)-ро гирад, ӯ сазовори «Ифтихорнома»-и озмун дар номинатсияи дахлдор мегардад.
28. Натиҷаҳои озмун дар протоколи ҳайати Ҳакамон қайд карда мешаванд.
29. Протоколи натиҷаҳои озмун дар ду нусха (барои ташкилкунандаи озмун ва барои нигаҳдорӣ дар ҳуҷҷатҳои озмунии ҳакамони озмун) тартиб дода мешавад. Ҳамаи нусхаҳо эътибори баробар доранд.
30. Протоколи ҳакамони озмун бояд дар давоми се рӯз ба Кумитаи тадорукот пешниҳод гардад.
31. Ҷамъбасти натиҷаҳои озмун дар маросими тантанавӣ эълон карда мешаванд.
32. Пинҳон намудани маълумотҳои зарурии дар Замимаи Низомномаи мазкур пешбинишуда, дархостҳои расмии довталабон, ба ҳисоб нагирифтани онҳо ҳангоми қабул, бақайдгирӣ ва гузаронидани ҷамъбасти озмун ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар ҳангоми гузаронидани озмун мутобиқи қонунгузории амалкунанда метавонад асос барои ба ҷавобгарӣ кашидан гардад.
33. Дар сурати ошкор намудани ҳолатҳое, ки дар банди 32 Низомномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, қарори ҳакамон беэътибор (барои номинатсияе, ки дар он қонунвайронкунӣ дида мешавад) дониста мешавад. Дар ин сурат ташкилкунандаи озмун вазифадор аст, ки дар давоми 10 рӯзи баъд аз ошкор шудани ҳолати зикргардида дар бораи беэътибор дониста шудани натиҷаҳои ниҳоии озмун (барои номинатсияе, ки дар он қонунвайронкунӣ дида мешавад) маълумоти дахлдорро ба тариқе, ки озмун эълон шуда буд, ба омма расонад.
9. НОМИНАТСИЯИ ДОВТАЛАБОН
34. Бо назардошти пешниҳоди маълумотҳои зарурӣ барои иштирок дар озмун, довталабон аз рӯи номинатсияҳои зерин ширкат меварзанд:
- Китобхонаи сол (дар номинатсияи мазкур ҳамаи китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ба ғайр аз китобхонаҳои шахсӣ, иштирок карда метавонанд);
- Китобхонаи шахсии сол;
- Китобдори сол (дар номинатсияи мазкур ҳама китобдороне, ки дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, ширкат варзида метавонанд).
35. Шарикон ва сарпарастони озмун метавонанд тибқи ақидаи худ, бо пешниҳоди ҳакамони озмун, ё ин ки бо пешниҳоди Кумитаи тадорукот дигар ҷоизаҳои махсусро барои ғолибони озмун барои комёбӣ ва муввафақият дар фаъолияти корӣ пешбинӣ намоянд.
10. ШАРТҲОИ МАХСУС
36. Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ҳамчун иҷрокунандаи озмун дар номинатсияи «Китобхонаи сол», бо мақсади роҳ надодан ба бархӯрди манфиатҳо ҳуқуқи иштирок кардан дар озмунро надорад. Инчунин бо назардошти эҳтимолияти иштироки кормандони Китобхонаи мазкур низ дар озмун, аз ҷониби ташкилкунанда ва иҷрокунандаи озмун аз 1 нафар зиёд аъзои Ҳакамони озмун шудан наметавонанд.
11. ҲАМКОРӢ БО САРПАРАСТОН
37. Ҳамкориҳои иҷрокунандаи озмун бо сарпарастон ва шарикон дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда мешавад.
38. Маблағҳое, ки аз сарпарастон ва шарикон барои гузаронидани озмун ба суратҳисоби иҷрокунанда гузаронида мешавад, дар мувофиқа бо Кумитаи тадорукот барои гузаронидани озмун харҷ карда шуда, вобаста ба хароҷотҳои мазкур иҷрокунанда ба сарпарастон, шарикон ва Кумитаи тадорукот ҳисоботи хаттӣ пешниҳод менамояд.
39. Иҷрокунанда тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маблағҳое, ки вобаста ба гузаронидани озмуни мазкур аз сарпарастон ва шарикон ворид мегарданд, андозҳои дахлдорро ба буҷети ҷумҳуриявӣ тибқи талаботи Кодекси мазкур пардохт менамояд.
40. Сарпараст ё шарикони озмун ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмун надоранд.
12. ТАНЗИМИ БАҲСҲО
41. Масъалаҳои баҳсноке, ки бо гузаронидани озмун алоқамандӣ доранд аз ҷониби Ҳакамони озмун дар якҷоягӣ бо Кумитаи тадорукот ва Ташкилкунандаи озмун баррасӣ карда мешаванд.
42. Дар ҳолати зарурӣ, Ташкилкунандаи озмун метавонад тағйиру иловаҳоро ба Низомномаи мазкур тибқи дархости Ҳакамон ва ё Кумитаи тадорукот ворид намояд.
43. Дар ҳолати розӣ набудан бо қарори Ҳакамони озмун иштирокчии озмун ҳуқуқ дорад, ки ба мақомоти судӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории амалкунанда муроҷиат намояд.
ЗАМИМА
ба Низомнома оид ба гузаронидани Озмуни умумиҷумҳуриявии
«Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
барои солҳои 2017-2018 бахшида ба
«Рӯзи китоб» - 4 сентябр
Т А Л А Б О Т Ҳ О
нисбат ба довталабони озмуни «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» чунин муқаррар карда мешаванд:
а) Аз рӯи номинатсияи «Китобдори сол» маълумотҳои зерин тибқи Шакли №1 пешниҳод карда мешаванд:
- ному насаб;
- фаъолият ва касбу кор;
- собиқаи корӣ дар китобхона;
- иштирок дар конфронсу семинарҳо (номи конфронс, семинар ва санаи он);
- сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ;
- номгӯи мақолаҳо ва маводҳои нашршуда (номи маҷалла ё ҳафтанома миқдори саҳифа ва соли нашр) аз ҷониби иштирокчии озмун;
- донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ;
- пешниҳодҳо оид ба методҳои нави инноватсионӣ вобаста ба пешбурд ва рушди соҳаи китобдорӣ (ихтиёрӣ);
- суроға, телефонҳо ва почтаи электронӣ ва 1 дона сурати андозаи 3х4;
б) Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол» маълумотҳои зерин тибқи Шакли №2 пешниҳод карда мешаванд:
- номи пурраи китобхона;
- дар бораи фаъолияти китобхона;
- теъдоди хазина ва мавҷудияти китобҳои нодир (аз кадом солҳо китобхона адабиётҳоро доро мебошад ва бо кадом забонҳо);
- сарфароз гардонидани кормандони китобхона (аз он ҷумла китобхона) бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ (миқдор ва номгӯи мукофотҳо);
- ҳисоботи оморӣ оид ба шумораи кормандони китобхона аз рӯи маълумоти соҳаи китобдорӣ;
- миқдори компютерҳо ва истифодаи технологияҳои замонавӣ дар китобхона;
- мавҷудияти дастрасии китобхона ба шабакаи Интернет;
- миқдори адабиётҳои электронӣ дар китобхона;
- миқдори ташриф овардани хонандагон ба китобхона (дар давоми сол);
- конфронс, семинар ва дигар чорабиниҳое, ки ҳамасола китобхона онро баргузор менамояд (номгӯй ва санаи баргузории онҳо);
- ҳамкории китобхона бо дигар китобхонаҳо (дохилӣ ва хориҷӣ);
- теъдоди пуррагардонии хазина дар давоми сол (нусха);
- пешниҳодҳо оид ба методҳои нави инноватсионӣ вобаста ба пешбурд ва рушди соҳаи китобдорӣ (ихтиёрӣ);
- суроғаи ҳуқуқӣ, телефонҳо, почтаи электронӣ ва сомонаи Интернетӣ (агар бошад ва 1 дона сурати бинои Китобхона).
в) Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» тибқи Шакли №3 маълумотҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- номи пурраи китобхона;
- дар бораи фаъолияти китобхона;
- теъдоди хазина ва мавҷудияти китобҳои нодир (аз кадом солҳо китобхона адабиётҳоро доро мебошад ва бо кадом забонҳо);
- сарфароз гардонидани дорандаи китобхона (аз он ҷумла китобхонаи шахсӣ) бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ (миқдор ва номгӯи мукофотҳо);
- миқдори компютерҳо ва истифодаи технологияҳои замонавӣ дар китобхонаи шахсӣ;
- мавҷудияти дастрасии китобхонаи шахсӣ ба шабакаи Интернет;
- миқдори адабиётҳои электронӣ дар китобхонаи шахсӣ;
- миқдори истифодабарандагон дар китобхонаи шахсӣ (дар давоми сол);
- ҳамкории дорандаи китобхонаи шахсӣ бо дигар китобхонаҳо (дохилӣ ва хориҷӣ);
- теъдоди пуррагардонии хазина дар давоми сол (нусха);
- пешниҳодҳо оид ба методҳои нави инноватсионӣ вобаста ба пешбурд ва рушди соҳаи китобдорӣ (ихтиёрӣ);
- суроғаи ҳуқуқӣ, телефонҳо, почтаи электронӣ ва сомонаи Интернетӣ (агар бошад) ва 1 дона сурати бинои Китобхона.
Шакли №1
ба Замима ба Низомнома оид ба гузаронидани Озмуни мумиҷумҳуриявии
«Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
барои солҳои 2017-2018 бахшида ба
«Рӯзи китоб» - 4 сентябр
а) Аз рӯи номинатсияи «Китобдори сол» маълумотҳои зерин тибқи Шакли №1 пешниҳод карда мешаванд:
__________________________________________________________
(ному насаб)
- фаъолият ва касбу кор;
- собиқаи корӣ дар китобхона;
- иштирок дар конфронсу семинарҳо (номи конфронс, семинар ва санаи он);
- сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ;
- номгӯи мақолаҳо ва маводҳои нашршуда (номи маҷалла ё ҳафтанома миқдори саҳифа ва соли нашр) аз ҷониби иштирокчии озмун;
- донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ;
- пешниҳодҳо оид ба методҳои нави инноватсионӣ вобаста ба пешбурд ва рушди соҳаи китобдорӣ (ихтиёрӣ);
- суроға, телефонҳо ва почтаи электронӣ.
Шакли №2
ба Замима ба Низомнома оид ба гузаронидани Озмуни мумиҷумҳуриявии
«Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
барои солҳои 2017-2018 бахшида ба
«Рӯзи китоб» - 4 сентябр
б) Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол» маълумотҳои зерин тибқи Шакли №2 пешниҳод карда мешаванд:
- номи пурраи китобхона;
- дар бораи фаъолияти китобхона;
- теъдоди хазина ва мавҷудияти китобҳои нодир (аз кадом солҳо китобхона адабиётҳоро доро мебошад ва бо кадом забонҳо);
- сарфароз гардонидани кормандони китобхона (аз он ҷумла китобхона) бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ (миқдор ва номгӯи мукофотҳо);
- ҳисоботи оморӣ оид ба шумораи кормандони китобхона аз рӯи маълумоти соҳаи китобдорӣ;
- миқдори компютерҳо ва технологияҳои замонавӣ дар китобхона;
- мавҷудияти дастрасии китобхона ба шабакаи Интернет;
- миқдори адабиётҳои электронӣ дар китобхона;
- миқдори ташриф овардани хонандагон ба китобхона (дар давоми сол);
- конфронс, семинар ва дигар чорабиниҳое, ки ҳамасола китобхона онро баргузор менамояд (номгӯй ва санаи баргузории онҳо);
- ҳамкории китобхона бо дигар китобхонаҳо (дохилӣ ва хориҷӣ);
- теъдоди пуррагардонии хазина дар давоми сол (нусха);
- пешниҳодҳо оид ба методҳои нави инноватсионӣ вобаста ба пешбурд ва рушди соҳаи китобдорӣ (ихтиёрӣ);
- суроғаи ҳуқуқӣ, телефонҳо, почтаи электронӣ ва сомонаи Интернетӣ (агар бошад).
Шакли №3
ба Замима ба Низомнома оид ба гузаронидани Озмуни мумиҷумҳуриявии
«Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
барои солҳои 2017-2018 бахшида ба
«Рӯзи китоб» - 4 сентябр
в) Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» тибқи Шакли №3 маълумотҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- номи пурраи китобхона;
- дар бораи фаъолияти китобхона;
- теъдоди хазина ва мавҷудияти китобҳои нодир (аз кадом солҳо китобхона адабиётҳоро доро мебошад ва бо кадом забонҳо);
- сарфароз гардонидани дорандаи китобхона (аз он ҷумла китобхонаи шахсӣ) бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ (миқдор ва номгӯи мукофотҳо);
- миқдори компютерҳо ва технологияҳои замонавӣ дар китобхонаи шахсӣ;
- мавҷудияти дастрасии китобхонаи шахсӣ ба шабакаи Интернет;
- миқдори адабиётҳои электронӣ дар китобхонаи шахсӣ;
- миқдори истифодабарандагон дар китобхонаи шахсӣ (дар давоми сол);
- ҳамкории дорандаи китобхонаи шахсӣ бо дигар китобхонаҳо (дохилӣ ва хориҷӣ);
- теъдоди пуррагардонии хазина дар давоми сол (нусха);
- пешниҳодҳо оид ба методҳои нави инноватсионӣ вобаста ба пешбурд ва рушди соҳаи китобдорӣ (ихтиёрӣ);
- суроғаи ҳуқуқӣ, телефонҳо, почтаи электронӣ ва сомонаи Интернетӣ (агар бошад).
.