Сомонаи пешина | Ҷм, 05 Март 2021 / 00:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шарифзода Манучеҳр Муртазо

 

муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарифзода Манучеҳр Муртазо 20 майи соли 1978 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.
Соли 2002 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро бо ихтисоси «Иқтисодчӣ, менеҷери соҳаи иқтисодиёт ва идораи муассисаҳои фарҳангу иҷтимоӣ» ва соли 2019 магистратураи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Солҳои 1994-1995 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ Ибни Сино ба ҳайси лаборант фаъолияти корияшро оғоз намудааст.
Соли 1996 -1997 ба ҳайси Корманди намояндагии доимии фирмаи туркии «Илк Умут» дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия кору фаъолият намудааст.
Солҳои 1997-2002 ҳамчун мураббии Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Малика Собирова фаъолият намудааст.
Солҳои 2002-2003 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси муҳандиси таъминоти моддӣ - техникии дараҷаи 1 кор кардааст.
Солҳои 2003-2005 дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев» фаъолият кардааст.
Солҳои 2005-2010 дар вазифаи сариқтисодчии Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда солҳои 2010-2015 вазифаи муовини аввали директори ҳамин театрро ва солҳои 2015-2020 вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар уҳда доштааст.
Соли 2018 бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шудааст. Дорои нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои “Иттифоқи композиторони Тоҷикистон” ва “Иттифоқи ходимони театр” мебошад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2020 ба вазифаи муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд.