Давлатзода Зулфия Давлат 13 марти соли 1974 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев идома дода, соли 1997 ин муассисаро дар риштаи филологияи шарқ бо муваффақият хатм кардааст.
- Солҳои 1997-2007 дар идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳайси хабарнигор фаъолият бурда, соли 2007 ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ таъин гардидааст. Баъди як соли фаъолият дар ин вазифа ӯро Сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ таъин мекунанд. Зулфия Давлатзода дар ин вазифа то соли 2014 фаъолият мебарад.
- Солҳои 2014-2015 ба ҳайси директори Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ВМКБ иҷрои вазифа намудааст.
- Солҳои 2015-2019 дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини раис фаъолият бурда, оғози моҳи январи соли 2020 муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
- 24 январи соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.