Бо назардошти мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказии вазорат ва ташкилоту муассисаҳои буҷетии системаи вазорат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №821 дар сохторҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шуд: шуъбаи аудити дохилии дастгоҳи марказии вазорат.
Роҷеъ ба ин, бинобар таъсис додани шуъбаи аудити дохилии дастгоҳи марказии вазорат бо Фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш. Орумбекзода аз 19.02.2016, Саидов Ҷамахон ба вазифаи сардори шуъбаи аудити дохилии дастгоҳи марказии вазорат таъин карда шуд.