Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки 14 нафар довталаб баргузор гардид. Ҳайати ҳакамони озмун ҳунару истеъдоди довталабонро баҳогузорӣ карда, ба 8 нафари онҳо барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳҳат доданд.
Дар ноҳияи Вахш дар даври аввали озмун 23 нафар довталаб, ки намояндагони касбу кор ва қишрҳои гуногуни ҷомеа буданд, иштирок намуданд. Доварони даври аввал 13 нафари онҳоро барои санҷидани маҳорату малака дар даври вилоятӣ интихоб намуданд.