Тоҷи Сомон

Филми «Дар талоши ҳақиқат» аввалин маротиба дар синамоҷашнвораи «Дебют»-и Амрико иштирок мекунад
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ТЕАТР, Тоҷи Сомон, Хабарҳо, Хориҷӣ

Филми «Дар талоши ҳақиқат» аввалин маротиба дар синамоҷашнвораи «Дебют»-и Амрико иштирок мекунад

Филми ватании «Дар талоши ҳақиқат» маротибаи аввал дар синамҷашнвораи «Дебют», ки аз 15 то 29 июл дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор мегардад, иштирок мекунад.  Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат кинои тоҷик рушд намуда, коргардонҳои ҷавон тавонистанд бо сабти филмҳои кӯтоҳу дароз, ба монанди «Таксӣ», «Бачаи обӣ», «Додараки фариштаҳо», «Дов», «Охирин сайди сайёд», «Этюд», «Сарбор» ва ғайра соҳиби ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ гарданд. Хусусан коргардонҳои ҷавон Шарофат Арабова, Аниса Собирӣ, Абдулҳай Зокиров, Муҳаммадрабӣ Исмоилов, Умедшо Мирзоширинов, Манзаралӣ Шералӣ, Файзулло Файз, Румӣ Шоазимов, Муҳиддин Музаффар ва дигарон тавонистанд дар чандин фестивалҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан баргарданд. ...