АСОСӢ

Ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои ИДМ дар Минск
АСОСӢ, Муовини вазир, Сафарҳои хориҷӣ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои ИДМ дар Минск

30 июли соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус Ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои аъзои ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи Раиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, интишору тавзеи китоб ва полиграфия, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф дар бораи фаъолияти Шӯрои мазкур дар давраи солҳои 2020-2023 шунида шуд.Шӯрои байнилавлатӣ тибқи қарори Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ 4 июни соли 1999 бо мақсади рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва полиграфия таъсис дода шудааст. Тавре Сафарзода Д. Ш. зикр кард, яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушз ҳамкориҳо дар соҳаи гуманит...
 «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд
АСОСӢ

 «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд

5 декабр номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Бояд гуфт, ки 4 декабр дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шуруъ шуд.Иҷлосия то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, дар он намояндагони давлатҳои аъзои Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.Ёдовар мешавем, ки номинаи мустақими Ҷумҳурии Тоҷикистон «Анъанаи бофтани атласу адрас» дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ...
Ҷашни Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид
АСОСӢ

Ҷашни Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид

Имрӯз, 6 декабр зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кор шуруъ намуд, ки дар он намояндагони давлатҳои аъзои Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.Дар он номинаи мустақими Ҷумҳурии Тоҷикистон «Анъанаи бофтани атласу адрас» ва номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон...
Иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров
АСОСӢ

Иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров

5 декабр дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, баргузор гардид.Кори ҳамоиши сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан доданд.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ходими номдори давлативу сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафур...
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Русия дар равобити байналмилалӣ нақши бориз дорад
АСОСӢ

Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Русия дар равобити байналмилалӣ нақши бориз дорад

Тавре қаблан хабар додем, аз 16 то 18 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми фарҳангҳои муттаҳид баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иштирок намуда, бо ҳамтои худ- Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2024-2026-ро ба имзо расониданд. Дар робита ба имзои ин барнома имрӯз дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо кормандони соҳаи фарҳанг вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.Санади баимзорасида таҳияи барномаҳои консертӣ, сафарҳои ҳунарӣ, боздиди осорхонаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, таълим ва ҳамкории байни донишгоҳҳо, бахши китобхона ва ҳифзи мероси фарҳангиро дар бар мегирад. Он метавонад барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои муштарак ва равобити фарҳангӣ за...
1-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети  маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид
АСОСӢ

1-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид

1-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.Нахуст, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури...
Донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷои ифтихорӣ шуд
АСОСӢ

Донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷои ифтихорӣ шуд

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни XXV байналмилалӣ таҳти унвони «Романсиадаи Қазоқистон» анҷом ёфт, ки дар он сарояндагони мамлакатҳои гуногун иштирок доштанд. Аз ҷумла, Тоҷикистонро дар ин озмун Шерзод Абдуллозода -донишҷӯи бахши чоруми шуъбаи сарояндагии академӣ, синфи профессор Миралӣ Достизода муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.Дар озмун 64 номзад аз Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд ва дар намоишномаҳои довталабон, ки ба забонҳои қазоқӣ ва русӣ романсҳо намоиш доданд, ҳунармандони номдор, намояндагони театру академияҳои гуногун баромад намуданд.Бо қарори ҳакамон Гран-при насиби Отабек Назиров аз шаҳри Тошканд гардид. Байни иҷрокунандагони романси қазоқӣ ҷои аввалро Байҷ...
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин
АСОСӢ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин

Муҳтарам Раис,Муҳтарам сарони давлатҳо,Хонумҳо ва ҷанобон!Пеш аз ҳама, ба Президенти Ҷумҳурии Куба ҷаноби Мигел Диас-Канел Бермудас барои танзими ҳамоиши имрӯза изҳори сипос мекунам.Ҳамзамон мехоҳам Кубаро ба муносибати раисии комёбаш дар “Гурӯҳи 77 ва Чин” дар соли 2023 табрик намоям.Имрӯз тағйирёбии иқлим зимни истифодаи захираҳои табиӣ ва фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз мо муносибати дастаҷамъона ва мукаммалро тақозо менамояд.Офатҳои табиӣ ҳамасола ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд.Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи қаламравашро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад.Ҳамасола офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба ма...