Санаи 9-уми октябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба “Рӯзи Фалак” чорабини бошукӯҳ таҳти унвони “Шоми Фалак” (Фалаки овозӣ) баргузор гардид.
Қобили қайд аст, ки дар ин чорабинӣ китоби доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор- Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода бо номи “Асосҳои мусиқии классикии тоҷик” рӯнамоӣ карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии болозикр 10-уми октябр идомаи ёфта таҳти унвони “ФАЛАКИ СОЗӢ” соати 11:00 дар макони мазкур баргузор мегардад.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг