Санаи 9-уми октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024 ҷаласа доир гардид.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо назардошти вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакатбаҳри иҷрои минбаъдаи стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва нақшаҳои қабулшуда чораандешӣ намуда, ҷиҳати таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, ба масъалаи бо тарзу мундариҷаи нав баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ баҳри солим нигоҳ доштани фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳанг, эҳё ва рушди фаъолияти тамоми равияҳо, шаклҳо ва намудҳои соҳаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг