Хабар 1
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия аз 12-ум то 14-уми сенябри соли 2024, 10-мин Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург баргузор гардида, ифтитоҳи расмии форуми номбурда дар бинои асосии Эрмитаж – толори Атриум баргузор гардид, ки дар он меҳмонони расмӣ, роҳбарони ҳайатҳо, ходимони намоёни фарҳанг аз 80 кишвари олам иштирок намуданд, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар ифтитоҳи Форум ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Хабар 2
Рӯзи 13 сентябр дар ҷаласаи вохӯрии вазири фарҳанги Федератсияи Русия бо намояндагони расмии ҳайатҳо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, дар мавзӯъи “Нигоҳи ояндаи ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ” суханронӣ намуданд.
Хабари 3
Рӯзи 14 сентябр дар бинои қасри Петергоф дар ҷаласаи Шурои вазирони фарҳанги давлатҳо-иштирокдорони ИДМ вазири фарҳанг –Сатториён Матлубахон Амонзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки Раёсати ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.
Хабари 4
Дар доираи баргузории ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири фарҳанги Федератсияи Русия баргузор гардид.
Дар доираи баргузории мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, як қатор масъалаҳо ва пешниҳодҳо баён гардиданд.
Хабари 5
Дар анҷоми ҷаласаи шурои вазири фарҳанги ИДМ барномаи фарҳанги доир гардид, ки дар он ҳунарпешаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ Шарофат Усмонзода ҳунарнамоӣ намуд.
Хабари 6
Вазири фарҳанг – Сатториён Матлубахон Амонзода дар доираи форуми мазкур , бо вазирони фарҳанги Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Озарбойҷон, намояндагони аҳли фарҳанг ва илм, роҳбарони театрҳо ва ректорони донишгоҳҳои соҳаи фарҳанги Россия мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Хабари 7
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми сентябр дар шаҳри УФА-и Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия дар Анҷумани 17-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодии кишварҳои ИДМ иштирок ва оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи гуманитарӣ суханронӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар анҷумани мазкур беш аз 200 намояндагони мамлакатҳои ИДМ ширкат доштанд.