Мулоқоти вазири фарҳанг Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Баллаева Аида Галимовна

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Баллаева Аида Галимовна мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили шумораи зиёди квотаҳо ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Қазоқистон баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳои аз ҳамкориҳои пурсамари мутақобилан судманд изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, таъкид сохтанд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда, боз ҳам бештар тавсеа меёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *