Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷ пайваста густариш меёбанд, ки онҳо баҳри пешрафту муаррифии фарҳангу ҳунари Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувор мегузоранд.
Дар ин робита баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли гузашта, ки бори нахуст бо шаклу услуби нав ва ҷалби теъдоди зиёди иштирокчиён, ташкили намоиши дастовардҳои соҳаҳои мухталифи кишвар бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардид, мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи августи соли равон идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии ҳарду кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар ин робита дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон 22-23 августи соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар назар аст.
Дар доираи баргузории Рӯзҳо маросими ифтитоҳи расмӣ бо пешниҳоди барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва санъати тасвирии ҷониби Қазоқистон дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” (22 августи соли 2024), барномаи консертии ҳунарпешагони қазоқ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ (24 августи соли 2024), Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон ва барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар доир мегарданд.