Аҳли фарҳанги Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми филмбардор, аккоси маъруф, Корманди шоистаи Тоҷикистон -Заур Дахте андӯҳгин буда, ба аҳли хонадон, пайвандон ва мухлисони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд.
Бояд қайд кард, ки Заур Дахте чун наворбардори филмҳои Абдураҳмони Ҷомӣ (1964), “Намоиш” (1976), “Мирзо Турсунзода-70” (1981), “Маликаи мо” (1983), “Вохӯриҳои моҳи сентябр” (1987) ва ғайраҳо машҳур аст.
Заур Дахте дар таҳияи зиёда аз 600 филм иштирок кардааст. Филмҳои олии Заур Дахте оид ба сарнавишту саргузашти шоирони бузурги форсу тоҷик: Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллоии кинои миллӣ ворид шудаанд.
Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуда, соли 2011 сазовори унвони ифтихории академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон гардидааст.
Рӯҳи аккоси маъруф, Корманди шоистаи Тоҷикистон -Заур Дахте шод ва хонаи охираташ обод бошад.