Нимаи дуюми рӯзи 5-уми августи соли равон мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Роҳбари Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Саад Хон доир гардид.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои муштаракро дар самти фарҳангу ҳунар ва рушди инфрасохтори муассисаҳои фарҳангӣ дар маҳалҳо мавриди муҳокима қарор доданд.
Назари неки ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи якҷояи барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи фарҳанг иброз гардид ва таъкид гардид, ки ин ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам тавсеа меёбанд.