Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Роҳи нави дӯстии наслҳо» ҳамоиши табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин доир гардид, ки дар он доир ба муносибатҳои фарҳангии ду давлат, ҳамкории воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардуми Чин мубодилаи афкор доир гардид

Пеш аз оғози ҳамоиш вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо муовини мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, директори генералии Медиакорпоратсияи Чин «CMG» Шэн Хайсюн доир гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба байни воситаҳои ахбори оммаи тоҷику чинро баррасӣ намуданд.

Вазири фарҳанг Сатториён Матлубахон Амонзода изҳор намуданд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардуми Чин намунаи олии дӯсти ду халқ, ҳамсоягии нек ва шарикии беназири стратегӣ мебошад.

«Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг низ сол то сол тавсеа меёбанд. Чин ва Тоҷикистон дар раванди ҳамкорӣ барои эҳёи «Як камарбанд — як роҳ» пайваста эътимоди сиёсии мутақобиларо таҳким бахшида, ҳамкории амалиро амиқтар намуда, дар табодули фарҳангӣ ва омӯзиши мутақобилаи байни тамаддунҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд»- афзуд Вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки ифтитоҳи «Маркази табодули фарҳангӣ»-ро ҳамчун идомаи амиқи анъанаҳои бисёрасраи самимона ва дӯстонае, ки ҳамеша давлатҳо ва мардумони моро ба ҳам мепайвандид, метавон арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки инчунин анъанаҳои бисёрасраи самимона ва дӯстонае, ки ҳамеша давлатҳо ва мардумони ду мамлакатро ба ҳам наздик менамуд, мушоҳида мешавад. «Маркази табодули фарҳангӣ» ва ташкили кори он, бешубҳа, ба рушди ҳамкории гуманитарӣ мусоидат хоҳад кард.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саид иброз дошт, ки баргузории ҳамоиши имрӯза дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон доир гардида, дар муносибатҳои байнидавлатӣ аҳамияти калон дорад.

«Дар доираи муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягии наку ду давлат ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ дошта, барои ҳамдигар шарикони боэътимоди стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳоли густариш қарор дошта, меҳвари онро асосан ҳамкории рушдёбандаи иқтисодию тиҷоратӣ ташкил медиҳад», — тазаккур дод Раиси Кумитаи телевизион ва радио.

Номбурда афзуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз давлатҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳидддин Шамсиддинзода иброз намуд, ки «Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» солҳои охир ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои иттилоотии мутақобилан судманд бо воситаҳои ахбори оммаи давлатҳо ва минтақаҳои масири ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» тадбирҳои муҳим меандешад. Дар ин самт мо ба таҳкими муносибатҳо бо ҷониби Чин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҳамкории густурда бо Медиакорпоратсияи Чин умеди калон дорем».

Тавре Субҳидддин Шамсиддинзода иброз дошт, «мо ин иқдомро ҳамчун қадами боварибахши ҳамкорӣ дар самти иттилоотонии шаҳрвандони ду давлати ҳамсояву дӯст — Тоҷикистон ва Чин арзёбӣ менамоем, ки ин барои халқҳои давлатҳоямон имконияти нав барои шиносоии бештари ҳамдигар мебошад».

«Акнун мо дар баробари агентиҳои иттилоотӣ, бо Медиакорпоратсияи Чин «CMG» робитаҳои дуҷониба барқарор мекунем. Ин ҳамкорӣ дар фаъолияти мо самти нав буда, бешубҳа имконияти моро васеъ мекунад ва хонандагони моро боз ҳам бештар менамояд. Мо боварӣ дорем, ки дар баробари маводи иттилоотию таҳлилӣ, имкони табодули маводи видеоиро низ пайдо хоҳем кард», — афзуд Директори АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин тариқи онлайни сухан намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт, ки «пас аз оне, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин соли 2013 ташаббуси «Як камарбанду як роҳ»-ро пешниҳод намуд, ҳамкории амалии Чину Тоҷикистон бо суръат густариш меёбад. Соли 2023 ҳаҷми савдои дуҷониба ба 3 миллиарду 926 миллион доллари амрикоӣ расид, ки ин рекорди нави таърихиро гузошт. Яъне дар давоми 10 сол ин шумора ду баробар афзуд».

Ба гуфти Тсзи Шумин, Чин ба бузургтарин давлати сармоягузор ва ба яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Ҳамчунин ба иштирокдорони ҳамоиш видиоролик аз лоиҳаи муштараки АМИТ «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин оид ба фасли сеюми барномаи «Афоризмҳои дӯстдоштаи Си Ҷинпин бо забони тоҷикӣ» пешниҳод гардид.

Дар анҷом барномаи фарҳангии санъаткорони тоҷик манзури иштирокдорон гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *