Маркаҳои ҷашнии Тоҷикистону Чин

Санаи 2-юми июли соли ҷорӣ муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён О.О. дар маросими муаррифии Маркаҳои ҷашнии Тоҷикистону Чин дар Меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе иштирок ва сухаронӣ намуданд.

Қобили қайд аст, ки чорабинии мазкур дар доираи чорабиниҳои ҳошиявии сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии халқии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки чопи маркаҳои ҷашнии ду кишвар ин як амали хубест барои муаррифии таъриху фарҳанги Тоҷикистону Чин.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *