Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон28.06.2024


28 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.

Баъди муҳокимаи масъала барномаи давлатӣ тасдиқ гардид ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои татбиқи пурсамари он тадбирҳои мушаххас андешанд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки шумораи хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ зиёд ва самараи кори онҳо беҳтар карда шавад.

Дар идомаи маҷлис доир ба Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2024 ва Ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2024” гузориши шахсони масъул шунида шуд.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Ҳамчунин масъалаҳо дар бораи Стратегияи рушди Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” барои давраи то соли 2040 ва таъсис додани донишкадаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд баррасӣ карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси навбатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳои дигар доир ба ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш ва ҳамчунин вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *