Ифтитоҳи намоиши «Симои зан дар эҷодиёти рассомони Тоҷикистон ва Чин»

Имрӯз, 24-уми июн дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» намоиши муштараки асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин таҳти унвони «Симои зан дар эҷодиёти рассомони Тоҷикистон ва Чин» ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сзи Шумин ва директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо
суханронӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар намоиш мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон ва мусаввараю намунаҳои ҳунари хаттотии Чин ба манзури тамошобинон карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *