Истиқболи гарми «Шаби танҳоӣ» дар рӯи саҳнаи Театри ҷавонон

Шоми 22-юми июни соли ҷорӣ дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов намоиши «Шаби танҳоӣ»-и Ғ.Ашур, ки дар иҷрои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳпайкар Ёрова рӯи саҳна омадааст, баргузор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки коргардони намоиш Ҳунарешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи А.Рудакӣ Мирзоватан Миров буда, жанри намоиш «Театри як актёр» (Моноспектакл) аст.
Ҷамъомадагон аз тамошои чунин як намоиши мондагор изҳори хушнудӣ намуда ба ҳунару маҳорати Моҳпайкар Ёрова каф кӯфтанд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *