«Асрори ранг ва санг»-и Гулов Парвин

Санаи 21-уми июни соли равон соати 18:00 намоиши асарҳои тозаэҷоди рассоми шинохта, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Гулов Парвин, таҳти унвони «Асрори ранг ва санг», бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ дар намоишгоҳи » Серена- Душанбе» баргузор шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар намоиш зиёда аз 40 асари рассом ба намоиш гузошта шудааст. Рассом на танҳо мусаввараҳо, балки ба офаридани асарҳо аз сангҳои табиӣ (мозаика) низ рӯ овардааст.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *