РЎЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР МОҲИ ИЮН

Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» имсол – 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуда, рӯзи ғайрикорӣ дониста мешаванд.

Дар асоси қисми 1 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» муайян карда мешавад.

Қисми 4 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки тартиби гузаронидани рўзи истироҳатро ба дигар рўзи корӣ бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рўзҳои иди ғайрикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2021, №154 Тартиби гузаронидани рўзҳои истироҳат ба дигар рўзи корӣ тасдиқ карда шудааст.

Мутобиқи Тартиби мазкур гузаронидани рўзи истироҳат ба дигар рўзи корӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати рост омадани як рўзи корӣ дар байни рўзи иди ғайрикорӣ ва рўзҳои истироҳат амалӣ карда мешавад.

Дар асоси қисми 3 ҳамин Тартиб гузаронидани рўзи истироҳат ба дигар рўзи корӣ ба кормандоне татбиқ карда мешавад, ки вақти кори онҳо аз ҳафтаи панҷрўзаи корӣ бо ду рўзи истироҳат (шанбе ва якшанбе) иборат аст.

Аз ҳамин лиҳоз, имсол тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2024, №71 рўзи 22 июн, ки ба рўзи шанбеи ҳафта рост меояд, рўзи корӣ эълон шуда, рўзи ҷумъа – 28 июн истироҳатӣ ҳисобида мешавад.

Бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки реҷаи 5 рўзаи ҳафтаи корӣ доранд, 27 июн (панҷшанбе) — Рӯзи Ваҳдати миллӣ; 28(ҷумъа); 29(шанбе) ва 30 (якшанбе) рўзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешаванд.

Бо ҳамин назардошт кормандони дорои реҷаи 5 рўзаи корӣ дар ин давра ба 4 рўзи истироҳат ҳуқуқ доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *