Даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Парда Қосим

Аҳли фарҳанги Тоҷикистон аз марги Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Парда Қосим андӯҳгин буда, ба аҳли хонадон, пайвандон ва мухлисони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд. Рӯҳи ҳунарманд шод ва хонаи охираташ обод бошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барномаи эҷодиёти Парда Қосим аз осори шуарои классик ва муосири тоҷик, таронаю оҳангҳои шӯху дилнавоз ва рақсии тоҷикӣ ва дигар халқҳои Машриқзамин таркиб ёфта, ҳар сурудро бо маҳорати баланд адо мекунад. «Бародарам», «Тоҷикистон аз манӣ», «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Юсуфи гумгашта», «Қӯшчинор», «Қошуқ метарошам», «Сурӯши Сталинград», «Борони найсон», «Сайри лолазор», «Доғи ғурбат», «Дилбари панҷӣ», «Наврӯзи оворагӣ», «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», «Муроде талабам», «Рӯзгорони баланд», «Чашмаи сабоҳӣ», «Дурри ноёб», «Рӯзи доварӣ», «Борҳо гуфтаам», «Гаҳвораи Сино», «Абрӯ мапаррон», «Сайри лолазор», «Ошён монад», «Эй дард», «Мардумаки дида», «Маҳтобаки ман», «Дило», «Қаламқош», «Бӯса ба дарё задам», «Афсона хоҳам шуд», «Шаби барфӣ» барин таронаҳояш ҳаводорони бешумор пайдо кардаанд. Ба баъзе сурудҳо худ оҳанг навиштааст. Ба узбакӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо низ таронаҳо хондааст. Ба Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додаст.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *